Аз “Амонатбонк” то Тоҷикободу Гулистон. Изофанависӣ, камомад ва хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ дар ниҳодҳои давлатӣ

Asia-Plus

Палатаи ҳисоб давоми шаш моҳи аввали соли 2024 дар сохтору идораҳои давлатӣ 67 санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи 183,9 миллион сомонӣ қоидавайронкунии молиявиро ошкор кардааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,1 миллион сомонӣ зиёд будааст.

Дар ин бора Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб имрӯз, 7-уми август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, таъкид кард, ки аз маблағи умумии зикргардида изофанависӣ 12 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои молию пулӣ 1,6 миллион сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 26,5 миллион сомонӣ, фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,6 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 40,4 миллион сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 81,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, Палатаи ҳисоб дар Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” 3 миллион сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, 6 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо ва 537,1 ҳазор сомонӣ изофанависиро ошкор кардааст.

Ин ниҳод ҳангоми баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромат ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар шаҳрҳои Конибодому Гулистони вилояти Суғд ба маблағи 5,8 миллион сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор кардааст.

Зимни баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромат ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллии ноҳияи Восеъ ва вилояти Хатлон бошад, ба маблағи 6,3 миллион сомонӣ қоидавайронкунии молиявиро ошкор кардааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни чунин як чорабинӣ дар ноҳияи Тоҷикобод 1,2 миллион сомонӣ қоидавайронкунии молиявӣ ошкор шудааст.

Қарахон Чиллазода инчунин гуфт, барои таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағи барои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷудогардида низ санҷишҳои махсус гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 429,8 ҳазор сомонӣ қоидавайронкунии молиявӣ ошкор шудааст.

Раиси Палатаи ҳисоб гуфт, қисми зиёди маблағҳои ошкоргардида барқарор шуда, 19 мавод ба маблағи 8,4 миллион сомонӣ ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  барои ҷораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ирсол карда шуд.

Аммо ӯ дар хусуси теъдоди нафарони ба ҷавобгарӣ кашидашуда иттилоъ надод ва маълум нест, ки барои қоидавайронкунии молиявӣ чанд нафар ва чӣ гуна муҷозот шудаанд.

Қаблан Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ошкор шудани беш аз 200 миллион сомонӣ зарари молиявиро дар 9 моҳи соли 2023 эълон карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...