“Музди маош зиёд шуд!” Директори Агентии омор сабаби баланд шудани нархи гӯштро шарҳ дод

Директори Агентии омор сабаби баланд шудани нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба зиёд шудани музди маош, бештар гардидани талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва баланд гардидани нархи хӯроки чорво рабт дод. Ҳарчанд, ба қавли ӯ, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти гов ва гӯсфанд (вазни зинда) дар шаш моҳи соли 2024 14 дарсад бештар шуда, беш аз 88 ҳазор […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Директори Агентии омор сабаби баланд шудани нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба зиёд шудани музди маош, бештар гардидани талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва баланд гардидани нархи хӯроки чорво рабт дод. Ҳарчанд, ба қавли ӯ, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти гов ва гӯсфанд (вазни зинда) дар шаш моҳи соли 2024 14 дарсад бештар шуда, беш аз 88 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми август, зимни нишасти хабарӣ гуфт, давоми шаш моҳи аввали соли 2024 дар кишвар 88 ҳазору 349 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 дарсад бештар аст, аммо афзоиши музди маош сабаби боло рафтани нархи гӯшт гардид.

““Дар кишвар қаҳтии гӯшт нест, дар ҳамаи бозорҳо гӯшт фаровон аст. Танҳо музди маош 40 фисад зиёд шуд, даромаднокии мардум баланд шудааст ва сатҳи харидории онҳо афзудааст. Музди меҳнати миёнаи аҳолӣ 13 дарсад зиёд шуд, баланд шудани музди маош таъсири худро ба баланд шудани нархи гӯшт мерасонад”, ‑ гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Ӯ таъкид кард, ки тибқи тадқиқоти онҳо, дар кишвар чорво зиёд аст.

“Дар хонаи сокинони кишвар камаш 10 чорвои калону майда мавҷуд аст”, – гуфт ӯ.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода роҳи пурра қонеъ кардани талаботи аҳолӣ бо гӯштро бештар кардани фермаҳои чорвопарварӣ ва воридоти зотҳои хуб аз Белорус, Русия ва Қазоқистон номид. Ба қавли ӯ, ҳоло дар кишвар 100 ферма ҳаст.

Пештар аз ин, Нигина Анварӣ муовини вазири кишоварзии кишвар рӯзи 25‑уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ҳоло аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар гӯшт содирот ё аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон гӯшт воридот намешавад.

“Мо 99,9 дарсад аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, вале сабаби поён наомадани нархи он зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа аст”, – иброз дошт Анварӣ.

Масъулини Вазорати кишоварзӣ низ сабаби баланд гардидани нархи гӯштро ба зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва афзоиш ёфтани талаботи онҳо ба гӯшт рабт дода буданд.

Бояд гуфт, ки айни замон нархи як кило гӯшти гов ва гӯсфанд дар шаҳри Душанбе аз 87 то 90 сомониро ташкил медиҳад. Қаблан арзиши  як кило гӯшти гов аз 76-78 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд тахминан 80 сомонӣ буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио