“Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” дар 3 соли охир бештар аз 400 млн сомонии муштариёнро баргардонидаанд

Ду бонки муфлисшудаи Тоҷикистон “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар се соли охир – аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2024 каме бештар аз 400 млн сомонӣ маблағи муштариёнашонро пардохт кардаанд. Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Номбурда гуфт, дар ин давра “Агроинвестбонк” 195 млн сомонӣ […]

Asia-Plus

Ду бонки муфлисшудаи Тоҷикистон “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар се соли охир – аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2024 каме бештар аз 400 млн сомонӣ маблағи муштариёнашонро пардохт кардаанд. Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, дар ин давра “Агроинвестбонк” 195 млн сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” 212 млн сомонӣ маблағи муштариёнро баргардонидаанд.

Раиси БМТ нагуфт, ки маблағи пардохтнашудаи муштариёни ин ду бонк чӣ қадар боқӣ мондааст. Ҳамин тариқ, дақиқ маълум нест, ки то ҳол ин ду бонки замоне низомсози Тоҷикистон дар тамоми давраи муфлисшавии худ чӣ қадар маблағи муштариёнашонро баргардонидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли гузашта гуфта буд, ки то 31-уми декабри соли 2024 уҳдадории “Тоҷиксодиротбонк” дар назди муштариёнаш 1 миллиарду 243 миллион сомонӣ боқӣ мондааст ва то пурра пардохт кардани ин қарзҳо масъалаи барҳам додани бонк мавқуф гузошта шудааст.

Ин дар ҳоле, ки дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” 3 млрд 888 млн сомонӣ аст.

“Агроинвестбонк” – бонки дигари муфлисшуда то 31-уми декабри соли 2022, бештар аз 1 млрд 600 млн сомонӣ дороӣ ва 1 млрд 400 млн сомонӣ уҳдадорӣ дошт.

Фирдавс Толибзода имрӯз, 7-уми август дар нишасти матбуотӣ дар бораи бонки дигари муфлисшуда “Тоҷпромбонк суҳбат карда гуфт, маблағи муштариёни “Тоҷпромбонк” 30 млн сомонӣ боқӣ мондааст.

Ҳамин тавр, то аввали соли 2024 “Тоҷпромбонк” – 80, “Тоҷиксодиротбонк” – 70 ва “Агроинвестбонк” – 40 дарсади маблағи амонату пасандоз гузоштаи муштариёнашонро баргардонида буданд.

 

Таърихи бонкҳои муфлисшуда

Бояд гуфт, ки шуруъ аз соли 2016 “Тоҷпромбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуда, то имрӯз дар марҳилаи барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор доранд.

Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро ҳам 26-уми майи соли 2021 бозхонд карда буд.

Амонатгузорону пасандозгузорони ин бонкҳо, солҳо инҷониб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шикоят мекунанд, ки наметавонанд маблағҳои худро бозпас гиранд ва мудирони махсусу барҳамдиҳандагони Бонки миллии Тоҷикистон таъинкарда ҳам наметавонанд ба доди онҳо расидагӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, муҳлати асосии маҷбуран барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ 2 солро ташкил медиҳад. Агар ин муҳлат кофӣ набошад, тариқи муроҷиат ба суд, ҷараёни барҳамдиҳиро метавон боз 2 соли дигар тамдид намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 90%-и аҳолии Тоҷикистон то соли 2040 бо оби тоза таъмин мешаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар Ҳамоиши байналмилалии об дар шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистон нақша дорад, то соли 2040 “дастрасии аҳолиро ба оби мутамаркази ошомиданӣ...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.