Бонки миллии Тоҷикистон бонкҳои низомсозро эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон бонкҳои ба гуфтаи ин ниҳод низомсози кишварро барои соли 2024 маълум кард. Ин феҳрест ҳамасола як маротиба муайян ва бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Дар ин бора аз резаахбори Бонки миллии Тоҷикистон, ки имрӯз, 7-уми август дар нишасти матбуотӣ дастраси рӯзноманигорон шуд, зикр мешавад. Ба ин тартиб ба рӯйхати […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон бонкҳои ба гуфтаи ин ниҳод низомсози кишварро барои соли 2024 маълум кард. Ин феҳрест ҳамасола як маротиба муайян ва бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Дар ин бора аз резаахбори Бонки миллии Тоҷикистон, ки имрӯз, 7-уми август дар нишасти матбуотӣ дастраси рӯзноманигорон шуд, зикр мешавад.

Ба ин тартиб ба рӯйхати нав, “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва “Бонки Эсхата” бонкҳои низомсози Тоҷикистон номбар шудаанд.

“Амонатбонк” бонки давлатӣ буда, раиси он Алиҷон Салимзода мебошад. “Ориёнбонк”-ро Ҳасан Асадуллозода, яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Роҳбари  “Бонки Эсхата”-ро Акмалҷон Сайфиддинов ба уҳда дорад.

Ҳамчунин, бо қарори Раёсати Бонки миллӣ дар феҳрасти ташкилоти қарзии эҳтимолӣ барои соли 2024 “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” зикр шудааст.

Ба иттилои БМТ ин рӯйхат, “бо мақсади амалӣ намудани сиёсати макропруденсиалӣ ва танзиму назорати фаъолияти бонкӣ” таҳия мешавад.

Бояд гуфт, ки феҳрести бонкҳои низомсози Тоҷикистон ҳамасола омода мешавад ва соли 2023  ҳам бонкҳои низомсози Тоҷикистон "Амонатбонк", "Ориёнбонк" ва "Эсхата" буданд.

Вале ташкилоти қарзии эҳтимолӣ имсол иваз шудааст. Соли гузашта "Имон Интернешнл" ташкилоти қарзии эҳтимолӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ду бонки ҳоло муфлисшударо ҳамчун бонкҳои низомсози Тоҷикистон ном мебурданд. Ҳарду бонк чанд сол пеш муфлис ва барҳам дода шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.