Раиси Бонки миллӣ мушкили асосии бозгардонии миллионҳо пули мардум аз “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” –ро гуфт

То имрӯз, аз бонкҳои мушкилдори Тоҷикистон "Тоҷпромбонк" 80, “Тоҷиксодиротбонк” 70 ва “Агроинвестбонк” 40 дарсади амонати муштариёнашонро баргардониданд. “Фононбонк” маблағи муштариёнашро пурра пардохт кардааст. Дар ин бора раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода имрӯз, 8-уми декабр, баъди як ҷаласаи парлумон дар ҳузури хабарнигорон хабар дод. Раиси Бонки миллӣ гуфт, рӯзҳои наздик “Фононбонк” комилан барҳам мехӯрад. Дар робита […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

То имрӯз, аз бонкҳои мушкилдори Тоҷикистон "Тоҷпромбонк" 80, “Тоҷиксодиротбонк” 70 ва “Агроинвестбонк” 40 дарсади амонати муштариёнашонро баргардониданд. “Фононбонк” маблағи муштариёнашро пурра пардохт кардааст. Дар ин бора раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода имрӯз, 8-уми декабр, баъди як ҷаласаи парлумон дар ҳузури хабарнигорон хабар дод.

Раиси Бонки миллӣ гуфт, рӯзҳои наздик “Фононбонк” комилан барҳам мехӯрад.

Дар робита ба баргардонидани амонати боқимондаи муштариёни “Тоҷпромбонк” раиси Бонки миллӣ гуфт, бархе муштариёни бонк намехоҳанд бар ивази маблағашон амвол бигиранд ва аз ҷониби мудирони махсуси бонк фурӯши амволи ин бонк идома дорад.

– Бовар дорам, ки солҳои наздик масъалаи “Тоҷпромбонк” пурра ҳал мешавад. Маблағи боқимондаи мардум аз ин бонк 40 млн сомониро ташкил медиҳад. То ба ҳол зиёд аз  200 млн сомонӣ  пурра ба мардум баргардонида шудааст, – гуфт Ҳоким Холиқзода.

Бонки миллӣ: мушкил дар фурӯши амволи бонкҳо аст

Ин мақомдори тоҷик, дар мавриди баргардонидани амонати муштариёни ду бонки дигар – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” гуфт, то имрӯз феҳрести қарздорони онҳо аз ҷониби Суди олии иқтисодӣ тасдиқ шуд ва кор идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, мушкили асосии ин бонкҳо фурӯши амвол аст ва дар сурати фурӯши амволи бонк онҳо метавонанд, маблағи муштариёнашонро барагардонанд.

– Аз соли 2016 то имрӯз 70 дарсади амонати муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” баргардонида шуда, 30 фоизи он боқӣ мондааст. То имрӯз, “Агроинвестбонк” 40 фоизи маблағҳои мардумро баргардонидааст, – гуфт Холиқзода.

Ӯ гуфт, маблағҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дар маҷмӯъ, дар назди аҳолӣ 800 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ҳокимзода зикр кард, мудирони махсуси бонкҳо барои баргардонидани маблағҳои мардум кор карда истодаанд ва мақсади асосиӣ пеш аз ҳама баргардонидани маблағи аҳолӣ аст.

Таърихи бонкҳои мушкилдор

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи буҳрони бонкӣ дар моҳи соли 2016 "Тоҷпромбонк"-у "Фононбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуда, то имрӯз дар марҳилаи барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор доранд.

БМТ иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро 21 майи соли 2021 бозхонд карда буд. Аз ин пештар,  14 феврали соли 2017 БМТ иҷозатномаи “Фононбонк” – ро бозхонда буд.

Дар нишасти матбуотии охирин Ҳоким Холиқзода гуфта буд, ки “Тоҷиксодиротбонк”, 66%-и уҳдадориҳои худро назди мизоҷон, аз ҷумла 72%- назди амонатгузорони хусусиро иҷро кардааст.

Нисбат ба “Агроинвестонк”, раиси БМТ гуфта буд, он 42 дарсади пули муштариёнро, аз ҷумла 52% пасандози амонатгузоронро баргардонидааст.

Дар робита ба “Тоҷпромбонк” Холиқзода изҳор дошта буд, ки ин бонк қариб 72%-и уҳдадориҳояшро назди мизоҷон иҷро кардааст.

Моҳи апрели соли равон аз БМТ ба “Азия – Плюс” хабар дода буданд, ки  “Фононбонк”, қарзашро ба саҳҳомони худ – шахсони воқеӣ пурра баргардонид, ба ҷуз шахсоне, ки ба бонк вобастаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.