Додситони кул ифтитоҳи парванда алайҳи Зарифӣ, Искандаров, Комилзода ва Ҳакимовро тасдиқ кард

Asia-Plus

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ифтитоҳи парванда нисбати Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ карда, гуфт, онҳо бо Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумон, ки моҳи июн “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам ва расман боздошт шуд, “дар ҳамкории зич қарор доштанд”.

Ӯ, ки имрӯз, 9-уми августи соли 2024, дар нишасти матбуотӣ сухан мекард, гуфт, нисбати нафарони зикршуда ва дигарон аз ҷониби Додситонии кул парванда боз шуда, мавриди тафтиш қарор дорад, аммо бо такя ба сири тафтишот ва муҳри махфӣ дар парванда аз пешниҳоди маълумоти бештар худдорӣ кард.

Юсуф Раҳмон танҳо гуфт, “касе, ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, навобаста ба он ки дар чӣ вазифа кор мекунад ё чӣ вазифаро ишғол карда буд”.

Вале ӯ мушаххас нагуфт, ки зери мафҳуми хиёнат кадом амали нафарони зикргардидаро дар назар дорад.

Додситони кул ба суоли батакрори рӯзноманигорон дар бораи он ки оё Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов расман боздошт шудаанд ва ҳоло дар куҷо қарор доранд, посух надод.

Ёдовар мешавем, ки хабарҳо дар бораи боздошти Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов баъди боздошти расмии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ва вакили парлумони кишвар пайдо шуданд.

14-уми июни соли 2024 зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди "в"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудаву дар тафтишот қарор дорад. Аз ин лиҳоз, ӯ аз вакилони парлумон хост, барои аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардан ва ба ҳабс гирифтани Саидҷаъфар Усмонзода розигӣ диҳанд. Ин хоҳиши ӯ қонеъ карда шуд.

Ҳамин тавр, баъди боздошти Усмонзода хабарҳо дар бораи боздошти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии пешин ва Акбаршо Искандаров, раиси Шӯрои олии пешин ва роҳбари муваққатии Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум расонаӣ шуданд. Баъдтар манобеи гуногун аз боздошти Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини аввали раиси ҲДТ низ хабар доданд.

Ахиран, чанд манбаъ тасдиқ карданд, ки Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиат-демократи Тоҷикистон низ боздошт шудааст.

Аммо ба ҷуз аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки боздошти Акбаршо Искандаровро тасдиқ кард, ҳеҷ ниҳоде расман боздошти нафарони зикршударо таъйид накарда буд.

Ин бори аввал аст, ки Додситонии кулли кишвар ифтитоҳи парванда нисбати Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ мекунад ва таъкид менамояд, ки он бо парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода иртибот дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...