Дар Русия барои муҳоҷироне, ки бояд Русияро тарк кунанд, тартиби ихроҷ ҷорӣ шуд

Дар Русия нисбати муҳоҷироне, ки барои будубош дар кишвар асосҳои қонунӣ надоранд, тартиб (реҷаи)-и нави ҳуқуқии ихроҷ ҷорӣ шуд. Тавре ки РИА Новости хабар медиҳад, президенти Русия Владимир Путин қонуни қабулшударо, ки аз тарафи Думаи давлатӣ 23 июл ва аз ҷониби Шӯрои Федератсия – 2 август тасдиқ шуд, ба имзо расонид. Санади мазкур рӯзи 8 […]

Asia-Plus

Дар Русия нисбати муҳоҷироне, ки барои будубош дар кишвар асосҳои қонунӣ надоранд, тартиб (реҷаи)-и нави ҳуқуқии ихроҷ ҷорӣ шуд. Тавре ки РИА Новости хабар медиҳад, президенти Русия Владимир Путин қонуни қабулшударо, ки аз тарафи Думаи давлатӣ 23 июл ва аз ҷониби Шӯрои Федератсия – 2 август тасдиқ шуд, ба имзо расонид.

Санади мазкур рӯзи 8 август дар сомонаи нашри расмии санадҳои ҳуқуқӣ ҷойгир шудааст. Он пас аз 180 рӯз баъди нашр, яъне аввали моҳи феврал мавриди амал қарор мегирад.

Дар қонун маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки бояд кишварро тарк кунанд, пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, тартиби ихроҷ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Русия қарор дошта, вале асосҳои қонунии будубош надоранд, бо мақсади таъмини аз кишвар рафтан ё дарёфти асосҳои қонунии будубоши онҳо дар Русия татбиқ мегардад. Ин тартиб нисбат ба ин шахсон баъзе ҳуқуқ ва озодиҳоро маҳдуд карда, чораҳои назоратӣ дар соҳаи муҳоҷиратро пешбинӣ мекунад.  

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар тартиби ихроҷ қарор доранд, бидуни иҷозаи мақомоти корҳои дохилӣ наметавонанд ҷойи зист ё будубоши худро дар Русия тағйир диҳанд, аз ҳудуди минтақаи зист берун раванд, воситаҳои нақлиётро идора кунанд, моликият ба даст оранд ва ақди никоҳ банданд.

Онҳо ба сабти амволи ғайриманқул дар кадастр, кушодани суратҳисоби бонкӣ ва анҷоми дигар амалиёти бонкӣ ҳуқуқ надоранд. Истисно ба ҳолатҳои интиқоли маблағ барои ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин интиқоли маблағ ба суратҳисоби шахси назоратшаванда ва додани маблағи нақдӣ дар ҳаҷми на беш аз 30 ҳазор рубл дар як моҳ дахл дорад.

Таҳияи феҳристи шахсони назоратшаванда, ки дар тартиби ихроҷ қарор доранд, пешбинӣ шудааст. Оператори феҳрист ВКД Русия буда, муҳлатҳои таҳия ва тарзу хусусиятҳои истифодаи феҳрист аз ҷониби ҳукумат муайян карда мешаванд.

Маълумот дар бораи мавҷуд будан (набудан)-и маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ дар феҳрист дар сомонаи расмии оператори феҳрист ҷойгир карда мешавад ва ройгон пешниҳод мегардад. Шаҳрванди хориҷӣ аз рӯзи ҷойгир шудани маълумот дар сомонаи ВКД дар бораи дохил кардан ё хориҷ кардани маълумот дар бораи ӯ аз феҳрист огоҳшуда ҳисобида мешавад.

То замони ихроҷ шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ метавонад ба муассисаи махсус ҷойгир карда шавад. Вақте ки ӯ кишварро тарк мекунад, ин тартиб қатъ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.