Раиси Додгоҳи олӣ боздошту барканории зердастонашро шарҳ дод

Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли 2024 се додрас ба ҷавобарии ҷиноӣ ва 7 додрас ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Шермуҳаммад Шоҳиён гуфт, тафтишот ва баррасии парвандаи собиқ додраси ноҳияи Панҷ Бахтиёр Абдураҳмонзода ҷамъбаст гардида, Додгоҳи олӣ ӯро дар асоси қисми 3-и моддаи 319 ва қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ ба мӯҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бахтиёр Абдураҳмонзода барои гирифтани 122 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад. Ӯро 25-уми январи соли ҷорӣ кормандони Раёсати Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар вилояти Хатлон дар утоқи кориаш дастгир карданд.

Ҳамчунин, ба иттилои Шермуҳаммад Шоҳиён, дар ин давра ду додраси дигар Фирдавс Маҷидзода, собиқ додраси Додгоҳи шаҳри Левакант ва Ҳанифа Алимзода, собиқ додраси Додгоҳи шаҳри Кӯлоб низ ба ҷиноят даст задаанд.

Аммо маълум нест, ки онҳо мушаххасан барои кадом ҷурм муттаҳам шудаанд. Танҳо гуфта мешавад, ки 3 – юми майи соли 2024 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Ҳанифа Алимзода аз мақомаш барканор шуд. Аммо тақдири Фирдавс Маҷидзода норӯшан аст. Шоҳиён танҳо гуфт, ки яке аз ин ду додрас ҷарима шудаасту дигаре аз озодӣ маҳрум гардидааст. Вале маълум нест, ки кадом ҷаримаву кадоме аз озодӣ маҳрум шудааст.

Ба иттилои Шоҳиён, дар ин давра барои роҳ додан ба камбудиҳо ва иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ дар сатҳи зарурӣ бо қарорҳои коллегияи тахассусии судяҳо 7 додрас ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Аммо ҳуввияти онҳо низ мушаххас нест.

Парвандаи Зоҳир Муминзода, собиқ додраси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки 18-уми июли соли равон бо ҷурми латукӯби сарбози нерӯҳои марзбонӣ аз мақом ронда шуд, аз ҷониби додситонӣ тафтиш мешавад. Ҳоло маълум нест, ки нисбати ӯ чӣ чора андешида мешавад.

Ин бори аввал нест, ки Шермуҳаммад Шоҳиён дар хусуси қонуншиканиву қоидавайронкунии зердастонаш маълумот дода, аз он изҳори нигаронӣ мекунад. Қаблан раиси Додгоҳи олӣ зикр карда буд, ки ҳар сол ду се додрас даст ба ҷиноят мезананд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...