Русия 76 нафари дар пайгард бударо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст

Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ берун аз кишвар 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доштанд, аз ҷониби мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд. 76 нафар дар Русия ва 4 нафар дар Қазоқистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Дар ин бора Умед Каримзода, муовини аввали додситони кулли кишвар дар нишасти […]

Asia-Plus

Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ берун аз кишвар 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доштанд, аз ҷониби мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд. 76 нафар дар Русия ва 4 нафар дар Қазоқистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Дар ин бора Умед Каримзода, муовини аввали додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии 9-уми август хабар дод.

Ӯ гуфт, дар ин давра аз Тоҷикистон ягон ҷинояткор ё шахси хориҷие, ки дар ҷустуҷӯй буд, боздошт ва ба хориҷи кишвар истирдод нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, соли 2023 Тоҷикистон бо дархости мақомоти прокуратураи дигар кишварҳо 30 нафарро дастгир ва ба он кишварҳо супоридаанд.

Ҳамин тариқ, соли 2023 беш аз 200 ҷинояткор бо дархости Тоҷикистон боздошт ва ба кишвар истирдод шуданд, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 100 нафар бештар буд.

Дар 6 моҳи соли равон чанд ҳолати истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои Аврупо ва Русия расонаӣ шуда буд. Наздикону пайвандони баъзе афроди истирдодашуда чунин амали мақомотро беасос медонанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, истирдоду муҷозоти сокинон беасос набуда, далелҳое рӯи даст доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.