Истирдоди беш аз 200 ҷинояткор аз хориҷа ба Тоҷикистон

Соли 2023 беш аз 200 ҷинояткор бо дархости Тоҷикистон боздошт ва ба кишвар истирдод шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 100 нафар бештар аст. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2023 Тоҷикистон бо дархости мақомоти прокуратураи дигар кишварҳо 30 нафарро дастгир ва ба он кишварҳо супоридааст. Ба […]

Asia-Plus

Соли 2023 беш аз 200 ҷинояткор бо дархости Тоҷикистон боздошт ва ба кишвар истирдод шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 100 нафар бештар аст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2023 Тоҷикистон бо дархости мақомоти прокуратураи дигар кишварҳо 30 нафарро дастгир ва ба он кишварҳо супоридааст.

Ба гуфтаи додситони кул, истирдоди ҷинояткорон дар натиҷаи ҳамкориҳо бо мақомоти додситонии дигар давлатҳо сурат гирифтааст. Вале Юсуф Раҳмон аз ҳеҷ кишваре ном набурд.

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2023 танҳо аз Русия 119 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҷиноятҳои мухталиф гумонбар ё гунаҳкор буданд, ба кишвар истирдод шуданд, ки нисбат ба соли 2022-ум 8 адад зиёд мебошад.

Юсуф Раҳмон дар нишасти хабарӣ гуфт, афроди ба Тоҷикистон истирдодшуда барои даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар бораи шахсият, иттиҳом ва муҳлати ҷазои онҳо чизе нагуфт.

Бояд гуфт, ки соли 2022 мақомот аз истирдоди наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Дар соли 2023 чанд ҳолати истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои Аврупо расонаӣ шуда буд. Наздикону пайвандони баъзе афроди истирдодашуда чунин амали мақомотро беасос медонанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, истирдоду муҷозоти сокинон беасос набуда, далелҳое рӯи даст доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.