Дар Тоҷикистон корхонаи фаръии «Фридом Банк Казахстан» ба фаъолият оғоз мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷамъияти саҳҳомии «Фридом Банк Казахстан» дар Тоҷикистон корхонаи фаръии молиявӣ-қарзии худро боз мекунад. Дар ин бора узви Шӯрои мудирони ин бонк Айдос Жумагулов зимни сафари рӯзноманигорон (пресс-тур) ба Алмато хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, бо Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора тавофуқи пешакӣ ҳосил шудааст.

Жумагулов зикр кардааст, ки  аз аз ҷумла дар назди бонк дар Тоҷикистон таъсиси IT-hub ба нақша гирифта шудааст, ки дар он намояндагони ҳарду кишвар метавонанд гирдиҳам омада, лоиҳаҳои нав (стартапҳол)-ро баррасӣ кунанд.

“Агар кадоме аз стартапҳо хоҳиши ба Тоҷикистон омаданро дошта бошанд, тавассути платформаи мо майдони бепул мегиранд”, – иброз дошт ӯ.

Номбурда таъкид доштааст, ки “кори бузург ба сомон расонида шуда, харитаи роҳ таҳия гардид, ки амал кардан мувофиқи он дар назар аст”.

“Мо хоҳони онем, ки баъди як вақти муайян платформа дуруст роҳандозӣ гардида, маҳсулот ва таҷрибаву сатҳи касбияти мо ба мардуми тоҷик манфиат орад”, – илова кардааст ӯ.

Қаблан моҳи апрели ҳамин сол Агентии танзим ва рушди бозори молиявии Қазоқистон дар бораи ба ҶС “Фридом Банк Казахстан” додани иҷоза барои таъсиси шикрати фаръии ҶСП Банк Фридом Финанс Таджикистан” хабар дод.

Саҳмиядори ягонаи бонк ҶС “Фридом Фиананс” мебошад, км 100%-и бастаҳои корхонае, ки дар Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ба он тааллуқ дорад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Қазоқистон, то 1 декабри соли 2023 аз лиҳози дороӣ дар бозори молиявии ин кишвар“Фридом Банк Казахстан” зинаи 8-умро ишғол мекард.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар Тоҷикистон ҶС “Казкоммерсбонк” фаъолият мекард, ки соли 2006 дар ҷумҳурӣ корхонаи фаръии худ – ҶСП “Казкоммерсбонк Тоҷикистон”-ро боз карда буд.

Моҳи майи соли 2019 “Халик банк Казахстан” “Казкоммерсбонк”-ро харида, мутаносибан “Казкоммерсбонк Тоҷикистон” ҳамчун бонки фаръӣ ба “Халик банк Таджикистан” табдили ном кард.

Аммо моҳи майи соли 2022 бонки Қазоқистон бастаи пурраи саҳмияҳои “Халик Банк Таджикистан”-ро ба Бонки байнулмилалии Тоҷикистон фурӯхт. Моҳи сентябри соли 2023 мутобиқи тавофуқҳои пешакии ҷонибҳо ребрендинг гузаронида шуда, “Халик Банк Таджикистан” номи нав “АктивБанк”-ро гирифт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, то 30 июни соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон 14 бонки анъанавӣ ва 1 бонки исломӣ фаъолият доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...