Бохтар: Аз 300 ҳазор сомонии барои таъмири мошинҳои партовкашон ҷудошуда, 70 ҳазорашро дуздидаанд

Дар шаҳри Бохтар аз 300 ҳазор сомонии барои таъмиру барқарорсозии техникаҳои соҳаи коммуналӣ ҷудогардида 70 ҳазорашро дуздидаанд. Аз ин рӯ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон хостааст, корхонаи коммуналии шаҳри Бохтар ба мувозинати шаҳр гузаронида шавад. Чанд сол пеш барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар дар доираи лоиҳаи “Идоракунии […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтар аз 300 ҳазор сомонии барои таъмиру барқарорсозии техникаҳои соҳаи коммуналӣ ҷудогардида 70 ҳазорашро дуздидаанд. Аз ин рӯ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон хостааст, корхонаи коммуналии шаҳри Бохтар ба мувозинати шаҳр гузаронида шавад.

Чанд сол пеш барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар дар доираи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Бохтар” 12 адад техникаи нав ба маблағи 1 миллиону 229 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шуд. Пас аз чанде маълум шуд, ки қисме аз он корношоям шудаанд.

Барои таъмири онҳо аз ҳисоби буҷети вилоят 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, вале Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон мегӯяд, ки аз маблағи ҷудошуда 70 ҳазор сомониашро дуздидаанд.

“Ду техника ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ барқарор шудааст. Тафтиши прокурори вилоят муайян кард, ки 70 ҳазор сомониро дуздидаанд”, – гуфт Давлаталӣ Саид.

Раиси вилоят камфаъолиятии соҳаи коммуналии шаҳри Бохтарро бори дигар зикр карда, таъкид намуд, ки ин сохтор наметавонад бо имкониятҳое, ки имрӯз дорад, мушкили партовҳои шаҳрро ҳал кунад.

Аз ин лиҳоз пешниҳод намуд, ки корхона ба мувозинати шаҳр гузаронида шавад.

“Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки корхонаҳои коммуналии шаҳр ба мувозинаи шаҳри Бохтар гузаронида шавад. Ҳоло масъала дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад”, – шарҳ дод ӯ.

Бояд гуфт, сухан сари 12 адад техникае меравад, ки соли 2018 ба Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар дода шуд. Аз ҷумла, ба маблағи 1 миллиону 229 ҳазор доллари амрикоӣ 5 КАМАЗ-и партовкашон, КАМАЗ-и боркаш, як техникаи борбардор ва базараргардонӣ харидорӣ шуда буд.

Аммо ҳоло қарз пурра пардохт нашуда, нисфи техникаи харидоригардида корношоям шуд.

Алишер Тағоймуродов, сармуҳандиси КФД “Хоҷагии комуналӣ” дар шаҳри Бохтар соле пеш гуфта буд, ки 6 техникаи харидашуда корношоям шудаанд ва мақомоти шаҳри Бохтар роҳи ҳалли ин мушкилро дар ҷалби мошинҳои шахсӣ ба кашонидани партов пайдо кардаанд. Мошинҳои боркаши шахсӣ тариқи шартнома ба кор ҷалб шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.