Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ иштирок мекунад

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Бори нахуст дар минтақаи Осиёи Марказӣ – шаҳри Самарақанд Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдаркаҳо ва каноэ дар масофаҳои ғайриолипмӣ баргузор мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федерстсияи қаиқронии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар чемпионат ҳудуди 400 қаиқрон зиёда аз 57 кишвар ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё бо ҳам рақобат мекунанд.

Мусобиқаҳо рӯзҳои 23-25 август доир гардида, дар онҳо намояндагони Тоҷикистон низ ба рақобат мепардозанд.

Мусобиқаҳои чемпионат дар ягона канали қаиқронӣ дар Осиёи Марказӣ гузаронида мешаванд. Дар чемпионат барои дарёфти 20 маҷмӯи медалҳо (10-то дар қаиқронӣ ва 10-то дар қаиқронӣ дар каноэ) рақобат сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2013 ва 2018 дар канали қаиқронии Самарқанд Чемпионати Осиё ва дар соли 2023 – Чемпионатҳои Осиё U19, U23, инчунин оид ба парканоэ баргузор шуда буданд.

Соли гузашта варзишгарони тоҷик дар каноэи чорнафара (С-4) дар масофаи 5000 метр миёни наврасони синни то 18-сола, дар мусобиқа байни дастаҳо дар байдаркаи чорнафара (С-4) ба масофаи 500 метр байни занон, дар каноэи дунафара (С-2) ба масофаи 1000 метр медалҳои биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...