Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ иштирок мекунад

Бори нахуст дар минтақаи Осиёи Марказӣ – шаҳри Самарақанд Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдаркаҳо ва каноэ дар масофаҳои ғайриолипмӣ баргузор мешавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федерстсияи қаиқронии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар чемпионат ҳудуди 400 қаиқрон зиёда аз 57 кишвар ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, чемпионатҳои […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Бори нахуст дар минтақаи Осиёи Марказӣ – шаҳри Самарақанд Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдаркаҳо ва каноэ дар масофаҳои ғайриолипмӣ баргузор мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федерстсияи қаиқронии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар чемпионат ҳудуди 400 қаиқрон зиёда аз 57 кишвар ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё бо ҳам рақобат мекунанд.

Мусобиқаҳо рӯзҳои 23-25 август доир гардида, дар онҳо намояндагони Тоҷикистон низ ба рақобат мепардозанд.

Мусобиқаҳои чемпионат дар ягона канали қаиқронӣ дар Осиёи Марказӣ гузаронида мешаванд. Дар чемпионат барои дарёфти 20 маҷмӯи медалҳо (10-то дар қаиқронӣ ва 10-то дар қаиқронӣ дар каноэ) рақобат сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2013 ва 2018 дар канали қаиқронии Самарқанд Чемпионати Осиё ва дар соли 2023 – Чемпионатҳои Осиё U19, U23, инчунин оид ба парканоэ баргузор шуда буданд.

Соли гузашта варзишгарони тоҷик дар каноэи чорнафара (С-4) дар масофаи 5000 метр миёни наврасони синни то 18-сола, дар мусобиқа байни дастаҳо дар байдаркаи чорнафара (С-4) ба масофаи 500 метр байни занон, дар каноэи дунафара (С-2) ба масофаи 1000 метр медалҳои биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио