Конибодом: Додгоҳ чор писарро барои пардохти алимент ба падар муваззаф кард

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Конибодом чор писари мардеро муваззаф кардааст, ки ба падари хеш ҳар моҳ алимент ва ё маблағ барои парасторӣ пардохт кунанд.

Оятулло Раҳматзода, сардори раёсати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ба “Азия – Плюс” аз ин сокини шаҳри Конибодом А.М. ном бурда, гуфт, ки ӯ тариқи додгоҳ аз чор фарзандаш алимент хостааст.

“Ин писарон солҳои оххир падарро парасторӣ намекардаанд. Ин падар ҳам бо иллати пиронсолӣ наметавонад зиндагияшро мустақилона пеш барад. Бо ин далел, ӯ аз болои чаҳор писараш ба додгоҳи шаҳри Конибодом шикоят бурдааст”, – гуфт ӯ.

Ба иттилои Раҳматзода, додгоҳ талаби ин мардро қонеъ карда, писаронро муфаззаф намудааст, ки ба падарашон ҳар яке 150 сомонӣ, ҷамъ 600 сомонӣ дар як моҳ пардохт намоянд.

Дар умум, раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд давоми сол 7 қарори додгоҳро барои рӯёнидани алимент аз ҳисоби фарзандон ба манфиати падару модар ва ё бобову бибӣ амалӣ кардааст.

Бояд гуфт, ин омор солҳои қабл расонаӣ намешуд ва сабаби инро Раҳматзода ба урфу одати тоҷикон рабт дода буд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...