Дар вилояти Хатлон 31 омӯзгор шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин гирифтанд

Дар арафаи оғози соли нави таҳсил дар вилояти Хатлон ба 31 омӯзгори ҷавон шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин барои сохтмони манзил тақдим карда шуд. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни тақдими шаҳодатнома гуфт, ки ин як роҳи ҳалли мушкилоти норасоии омӯзгорон дар вилоят аст. Ҳамчунин, раиси вилоят ба хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии вилоятро бо шаҳодатномаи аъло ва медали тилло хатм […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар арафаи оғози соли нави таҳсил дар вилояти Хатлон ба 31 омӯзгори ҷавон шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин барои сохтмони манзил тақдим карда шуд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни тақдими шаҳодатнома гуфт, ки ин як роҳи ҳалли мушкилоти норасоии омӯзгорон дар вилоят аст.

Ҳамчунин, раиси вилоят ба хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии вилоятро бо шаҳодатномаи аъло ва медали тилло хатм кардаанд, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналминалӣ, омӯзгорони онҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва падару модари ин хонандагон мукофоти пулӣ тақдим кардааст.

“Дар маҷмуъ, раиси вилоят бо дарназардошти собиқадорону дигар кормандони соҳаи маориф, ба 100 нафар дар ҳаҷми умумии 500 ҳазор сомонӣ мукофотҳои пулӣ дод”, – гуфта мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти раиси вилоят.

Бояд гуфт, норасоии омӯзгорон дар кишвар яке аз муаммоҳое аст, ки Вазорати маориф ва илми кишвар барои ҳалли он чандин сол инҷониб талош дорад. Дар ин роҳ баъзе аз мақомоти маҳаллӣ ҳам бо пешниҳоди ҳар гуна имтиёзҳо кӯшиш доранд норасоии омӯзгоронро дар маҳалли худ коҳиш диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.