Поккории бидуни зарар ба саломатӣ бо SITRETT MX

Маводи шарикон

Поккорӣ кори душвор аст, махсусан барои онҳое, ки пӯсти ҳассос ё дар умум, олерҷӣ доранд. Барои ин тоифа, истифода аз маҳсулоти кимиёвии поккорӣ аксар вақт дилгиркунанда ва ҳатто хатарнок аст. Маҳсулоти SITRETT MX орӣ аз ҳар гуна ангезаҳои ҳассият буда, бехатар низ мебошад.

Маҳсулоти ширкати SITRETT MX дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва давлатҳои Аврупо эътироф шудааст ва харидори зиёд дорад.

Муҳаммад Бариш, мудири кулли ширкати SITRETT MX:  “Маҳсулоти мо на фақат барои инсон, балки барои табиат низ 90 дарсад безарар аст. SITRETT MX бидуни моддаҳои кимиёвии зараровар буда, боиси олерҷӣ ё нороҳатӣ нахоҳад шуд. Махсусан, барои нафароне, ки пӯсти ҳассос ва мушкили нафаскашӣ доранд, беҳтарин интихоб хоҳад буд. Аз он метавон бидуни дастпӯш ё ниқоб истифода кард”. 

 

Сифати маҳсулот

Бариш итминон медиҳад, ки маҳсулоти онҳо аз ҳама санҷишҳо гузаштааст. Аз ҷумла, дар Туркия озмоишҳои илмиро гузашта, дорои шаҳодатномаи Вазорати технологияи ин кишвар мебошад. Он инчунин шаҳодатномаи мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалие чун TSE (Туркия), TUV (Олмон), SGR Hygiene (Русия), ISO, GMP ва ғайраро соҳиб шудааст.

“Дар Туркия ҷоизаи “Тамғаи тавсияшудаи сол 2018”–ро гирифт. Паҳнкунандагони маҳсулот дар кишварҳое чун Дания, Белгия, Шветсия, Ҳолланд, Арабистони Саудӣ ва Чилӣ SITRETT MX-ро барои сифати баландаш интихоб мекунанд”, – мегӯяд Муҳаммад Бариш.

 

Гуногунӣ ва самаранокӣ

SITRETT MX маҳсулоти универсалӣ мебошад, ки равған, лой ва доғҳоро дар техникаи маишӣ, фаршу қолин ва либос самаранок тоза мекунад.

Барои соҳибони нақлиёт ҳам SITRETT MX кӯмакрасон аст. Он рӯйпӯшҳои курсӣ, чархҳо, тирезаҳо ва ҳатто муҳаррикро тоза мекунад.

Дар саноат низ онро метавон истифода бурд. Аз ҷумла барои тоза кардани мошинҳо, танӯрҳои саноатӣ, фаршҳо ва ҷойҳои ҷомашӯӣ аз равғану ифлосиҳои дигар. Бо он метавонад доғҳои кӯҳнаро низ тоза кард.

 

Таъсири зуд ва самараноки SITRET MX

Муҳаммад Бариш тарзи самаранок ва дуруст истифода бурдани SITRETT MX-ро чунин шарҳ медиҳад: “То таъсири маҳсулот ним соат интизор шудан лозим нест. Онро ба болои доғ ё ҳар ифлосие, ки мехоҳед тоза кунед, пошед ва пас аз 3 дақиқа бо матои нам пок кунед ё бо об бишӯед”.

SITRETT MX-ро метавон бевосита истифода кард ва ё бо об омехта намуда, баъд истифода бурд.

 

Ҳамин ҳоло SITRETT MX фармоиш диҳед

Агар шумо дар ҷустуҷӯи василаи беҳтарин ва бехатари поккорӣ бошед, пас SITRET MX интихоби мувофиқу дастрас барои шумо аст.

Ҳамин ҳоло фармоиш диҳед. Онро ба шумо ройгон дастрас мекунем.

Суроғаи мағозаи мо: Маркази савдои Душанбе-Молл (Ашан), ошёнаи 1 (Таваққуфгоҳи зеризаминӣ).

Телефон барои фармоиш: +992 407 80-00-00

Саҳифаи мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Instagram: @sitrettmx.tj

Facebook: SITRETT MX

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...