Чархболу ҳавопаймоҳои артиши собиқи Афғонистонро Ӯзбекистон соҳиб шуд. Тоҷикистон чӣ?

Ӯзбекистон ва Амрико ба мувофиқа расидаанд, ки ҳавопаймо ва чархболҳое, ки халабонҳои Афғонистон дар пайи сари қудрат омадани Толибон* тавассути он ба Ӯзбекстон фирор карда буданд, расман ба Тошканд дода шавад. Дар ин бор сафири ИМА дар Тошканд Ҷонатан Ҳеник иттилоъ дод, хабар медиҳад, сомонаи Daryo.uz. Гап дар бораи 22 ҳавопаймо ва 24 чархболе меравад, […]

Asia-Plus

Ӯзбекистон ва Амрико ба мувофиқа расидаанд, ки ҳавопаймо ва чархболҳое, ки халабонҳои Афғонистон дар пайи сари қудрат омадани Толибон* тавассути он ба Ӯзбекстон фирор карда буданд, расман ба Тошканд дода шавад. Дар ин бор сафири ИМА дар Тошканд Ҷонатан Ҳеник иттилоъ дод, хабар медиҳад, сомонаи Daryo.uz.

Гап дар бораи 22 ҳавопаймо ва 24 чархболе меравад, ки халабонҳо аз Афғонистон ба Ӯзбекистон фирор карда буданд.

“Ин таҷҳизот дар Иёлоти Муттаҳида таҳия шудааст, на дар Афғонистон, артиши Афғонистон аз он истифода мекард, аммо мо амрикоиҳо ҳамеша соҳиби он будем”, – қайд кардааст сафир.

Дар посух ба изҳороти сафири ИМА дар Тошканд Вазорати мудофиаи ҳукумати Толибон гуфтааст, ки “ИМА ҳақ надорад, ки моликияти Афғонистонро ихтиёрдорӣ кунад ва ба Ӯзбекистон диҳад”.

Вазорати дифои Толибон, аз Тошканд “қарори оқилона” – кумак барои баргардонидани таҷҳизот ба Афғонистонро интизор шудаанд.

Қаблан Ӯзбекистон гуфта буд, ки тасмим гирифтанд, техникаи низомии ба ҳудуди ин кишвар аз Афғонистон воридшударо ба “Толибон” баргардонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ӯзбекистон аз камтарин ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки бо ҳукумати Толибон муносибати хуби сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад ва чанде пештар сарвазири ин кишвар ба Афғонистон сафар кард ва бо чанде аз мансабдорони воломақоми ҳукумати Толибон мулоқот ва дар пайи он ба маблағи 2,5 млрд доллар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз халобонҳои Афғонистон дар пайи суқути ҳукумати пешини Афғонистон бо истифода аз чархбол ва ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон низ омаданд, ки баъдан, ин техникаҳо дар Тоҷикистон монд.

Чанд маротиба ҳукумати Толибон аз Тоҷикистон ҳам талаб кард, ки ин чархбол ва ҳавопаймоҳоро баргардонад, чунки он сармояи мардуми Афғонистон аст. Вале ҳукумати Амрико ва сафири пешини ин кишвар дар Тоҷикистон Марк Поммершайм соли гузашта дар моҳи май зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ИМА ин техникаҳоро ба ҳукумати Толибон намедиҳад, чунки ин ҳавопаймо ва чархболҳо ба онҳо тааллуқ надорад.

Аз ин пештар, Ҷон Карбӣ, сухангӯи Вазорати дифои Амрико пас аз он ки иҷрокунандаи вазири мудофиаи Толибон Муҳаммад Яъқуб аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хост, ки он чархболҳоро ба ихтиёри ҳукумати Толибон гузоранд, аз ду кишвар талаб кард, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳоро бозпас надиҳанд.

Ӯ дар масъалаи тақдири ояндаи чархболҳо гуфта буд, ки ҳанӯз сари ин мавзуъ кор мекунанд.

Қаблан, Абдулрашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон, аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хоста буд, ки чархболҳоро ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон диҳанд.

Ҳамин тариқ, ҳоло маълум нест, ки ИМА дар робита ба баргардонидан ва ё пурра додани ҳавопаймо ва чархболҳои ба Тоҷикистон омада ба чӣ мувофиқа расидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон омадани низомиёну халабонҳои Афғонистонро тасдиқ карда, аммо ҳеҷ гоҳ дар бораи чархболу ҳавопаймоҳои монда иттилои расмӣ надодаанд.

Пештар Вазорати дифои Амрико эълом карда буд, ки то 21-уми августи соли 2021 46 ҳавопаймо ба Ӯзбекистон ва 18 ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд.

Беш аз 140 халабон ё пилотҳои афғонистониро моҳи ноябри соли 2021 аз Душанбе ба шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио