Бехонагӣ ва беқадрии ҳунарманд. Чаро саркоргардони театри Камоли Хуҷандӣ тарки пеша кард?

Саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баъди 14 соли фаъолияти эҷодӣ тарки пеша кард ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт. Ӯ сабаби инро надоштани манзили истиқоматӣ ва мушкили молӣ унвон кард. Пештар аз ӯ як ҳунарманди дигари ин театр ҳам ба муҳоҷират рафта буд. Масъули Раёсати фарҳанг мегӯяд, аз мушкил огоҳ аст, […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баъди 14 соли фаъолияти эҷодӣ тарки пеша кард ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт. Ӯ сабаби инро надоштани манзили истиқоматӣ ва мушкили молӣ унвон кард. Пештар аз ӯ як ҳунарманди дигари ин театр ҳам ба муҳоҷират рафта буд. Масъули Раёсати фарҳанг мегӯяд, аз мушкил огоҳ аст, вале ба гуфтаи  роҳбари театр, саркоргардон дар рухсатӣ аст.

 

“Иҷорапулӣ зиёду дастгирӣ нест”

Сӯҳроб Шехов, саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, шикоят дорад, ки давоми 14 соли фаъолияти эҷодӣ иҷоранишин буд ва чандин маротиба барои гирифтани хонаи хизматӣ муроҷиат кард, вале ваъда карданду хона надоданд.

Ӯ шиква мекунад, ки давоми фаъолияти эҷодии худ чандин намоишҳоро рӯйи саҳна гузошта, Тоҷикистонро дар кишварҳои дунё муаррифӣ намуд ва сазовори якчанд ҷоизаҳои дохиливу байналмилалӣ гардид, вале меҳнаташ қадр нашуд ва ӯ ҳамеша бо маоши кам кор кард.

“Вақте ду кӯдаки ман хурд буданд, имконияти дар иҷора зистан буд, аммо акнун, ки кӯдакон калон шуданду иҷорапулӣ ва нарху наво гарон, зиндагӣ хеле вазнин мегузарад. Аз ҷониби ҳукумат низ ягон дастгирӣ нест”, – гуфт ӯ.

Шехов мегӯяд, ин омилҳо маҷбур карданд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар кунад. Инак ду моҳ аст, ки бо аҳли хонаводааш дар Русия қарор дорад.

 

“Ба фарҳанг дилам месӯзад, аммо… ”

Сӯҳроб Шехов аввалин нафаре нест, ки бо сабаби камии маош ва шароити вазнини зиндагӣ тарки пеша кардааст. Қаблан Фаёзҷон Бойматов, ҳунарманди дигари театри мазкур низ дар пайи ин мушкилот ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд.

Бойматов то ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва мегӯяд, ки сабаби тарки театр кардани аксар ҳунармандони ҷавон надоштани манзили истиқоматӣ аст.

“Худи ман ҳам бо сабаби надоштани манзили зист тарки пеша кардам. Ин мушкили танҳо роҳбарони театр нест. Ҳукумати шаҳр ва вилоят бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, ҷавонон ва аҳли ҳунарро дастгирӣ кунанд”, – мегӯяд Бойматов.

Ӯ мегӯяд, дилаш ба театр ва фарҳанг месӯзад, аммо дигар илоҷ надорад.

“Агар мо – ҷавононро дастгирӣ кунанд, барои пешрафти фарҳанги миллӣ ҷони худро фидо мекунем”, – илова кард ӯ.

 

“Саркоргардон дар рухсатӣ аст”

Дар ҳамин ҳол, Эҳсон Ҳомидов, директори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ 2-юми август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Сӯҳроб Шехов на ба муҳоҷирати меҳнатӣ, балки барои истироҳат ба Русия рафтааст.

“Ҳар сол дар мавсими рухсатии меҳнатӣ Сӯҳроб Шехов ба назди пайвандонаш ба Русия меравад. Ӯ ҳоло низ дар рухсатӣ аст, на дар муҳоҷирати меҳнатӣ. Кормандони дигар имрӯз дар театр дар пайи иҷрои кори худ мебошанд”, – афзуд ӯ.

Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд тасдиқ кард, ки аз мушкили иҷоранишинии Сӯҳроб ва муроҷиатҳои ӯ ба ҳукумати вилоят огоҳ буд ва ба ӯ маслиҳат дод, ки боз соле сабр кунад.

“Замоне Сӯҳроб намоишҳои театриро ба хориҷа бурд, раиси вилояти Суғд харҷоти онро пардохт карданд. Боварам буд, дар масъалаи таъмини хона низ дастгирӣ мекарданд, аммо Сӯҳроб сабр накарду рафт”, – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, мушкили манзил ва шароити нохуб доштани ҳунармандони театр масъалаи нав нест ва танҳо ба Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ тааллуқ надорад. Аксари ҳунармандони ҷавон дар кишвар аз сабаби надоштани манзил ва шароити зиндагии хуб ё тарки театр мекунанд ё маҷбур мешаванд, ки даромади иловагӣ дошта бошанд. Ҳанчанд ҳастанд ҳунармандоне, ки ба ояндаи равшани театри тоҷик бовар доранд ва барои рушди театр хизмат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио