Дастоварду мушкилоти ҳунармандони ҷавони театр

Аҳли театри Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр иди касбии худро таҷлил карданд. Дар робита хабарнигори Asia-Plus аз се ҳунарпешаи ҷавон дар бораи сабаби интихоби ин пеша ва мушкилоти арсаи театр пурсон шуд. Ватандор Ёров, ҳунарпешаи театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов: – Нияти ҳар як инсон аз хурдӣ муайян мешавад. Агар шахс пеши худ мақсад гузошту […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аҳли театри Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр иди касбии худро таҷлил карданд. Дар робита хабарнигори Asia-Plus аз се ҳунарпешаи ҷавон дар бораи сабаби интихоби ин пеша ва мушкилоти арсаи театр пурсон шуд.

Ватандор Ёров, ҳунарпешаи театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов:

– Нияти ҳар як инсон аз хурдӣ муайян мешавад. Агар шахс пеши худ мақсад гузошту заҳмат кашид, ҳатман ба ҳадафаш мерасад. Ман аз хурдӣ дар саҳначаҳои мактабӣ нақш меофаридам ва суруд мехондам. Ин буд, ки ҳунарпешагиро интихоб кардам. Падарам низ санъаткор асту ин бароям бетаъсир намонд. Роҳи ояндаи маро филми “Рустам ва Сухроб” муайян кард. Пас аз тамошои он азм кардам, ки ҳунарманд мешавам. Замони таҳсил дар курси 5-уми Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода ҳунарпешаи театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шудам.

Меҳри ин касб дар мағзу устухонам ҷой гирифтааст. Агар дубора ба дунё оям, боз ҳунарманд хоҳам шуд. Ин касб маро тарбия кардаву дониш дод ва одам кард. Вақте бачаҳо машғули айшу нӯш буданд, ман меҳнат мекардам. Сухани устод Абдулмумин Шарифӣ ҳеҷ аз ёдам намеравад: “Хоҳӣ аз ин касб обрӯ ва неъмат ёбӣ, корҳои беҳударо як сӯ гузор ва рӯй ба китобхонӣ биёр”. Ин сухан маро такон дод ва то ин ҷо овард. Имрӯз агар муваффақ шудаам, ҳамааш бо шарофати устодон аст.

Душвориҳо зиёд буданд: мушкилоти зиндагӣ, буҷавӣ, оилавӣ, бехонагӣ ва ҳоказо. Баъд аз хатми донишгоҳ мушкили асосӣ бароям дар саҳна байни устодони касбӣ нақш офаридан буд.

Ватандор Ёров 9 сол инҷониб дар театри ҷавонон фаъолият дорад. Ӯ дар намоишномаҳои “Дирафши Коваёнӣ”, “Гирдбод”, “Пайроҳаи зиндагӣ”, “Модар, маро бубахш!”, “Кош бача будаме”, “Бозингарони Гогол”, “Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ…” ва ғайра нақш офаридааст.

Фирӯза Абдулвалӣ Қизӣ, ҳунарпешаи театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский:

– Ман намедонам, ки чӣ қадар зиндагонӣ мекунам. Оё дар ҳаёт модар, бибӣ ва ё ягон шахси арзанда мешавам, лекин ин ҳамаро дар саҳнаи театр эҳсос кардаву аз сар гузаронида метавонам.

Ҳар кор душвории худро дорад. Мушкилот дар он аст, ки ба ман аксаран мегӯянд, оё дер шурӯъ накардаӣ? Ман намехоҳам ба ҳама тавзеҳ бидиҳам, зеро ин маро аз роҳам бознамедорад, вагарна дар 19-солагиям ин ҳама дарду хурсандии ҳар як намоишномаро эҳсос карда наметавонистам.

Ман аз интихоби касбам пушаймон нестам. Сарфи назар аз он, ки дар кишвари пур аз ақидаҳои қолабӣ калон шудаву зистам, бо қадамҳои устувор ба пеш меравам.

Театр Ибодатгоҳ аст! Ҳар нафари алоқаманди он бояд тозаю бовиҷдон бошад!

Фирӯза Абдулвалӣ Қизӣ хатмкардаи студияи театри драмавии русии ба номи Маяковский таҳти роҳбарии Хуршед Мустафоев. Айни ҳол таҷрибаомӯзи театри давлатии низомии “Тӯрон” дар шаҳри Тошканд аст. Ӯ дар спектаклҳои “Аблаҳ”, “Зан ҳуқуқи бахшиданро дорад”, “Ҷавонон тарафдори волоияти қонун”, “Мо зидди зӯроварӣ” ҳунарнамоӣ кардааст.

Шогун Давлатбекова, ҳунарпешаи театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов:

– Вақте ба факултаи театри Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода ҳуҷҷат супоридам, дар бораи ин касб тасаввуроте надоштам. Ҳатто намедонистам, ки актёр кист ва театр чист? Раққоса шудан мехостам, вале тақдир маро сӯйи театр овард. Аввал фикр мекардам, ки актриса шуда, танҳо дар филмҳо нақш меофарам. Дар ҷараёни таҳсил фаҳмидам, ки ҳунарманд на танҳо дар филм, балки дар театр ҳам нақш офарида метавонад. Хушбахтона, замони таҳсил дар курси 3-юм аллакай ба ҳайси ҳунарпеша дар театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият мекардам.

Ҳар кор душвории худро дорад. Мушкилоти ман ҳам зиёд буданд. Хушбахтона, ҳамаашро паси сар кардам ва ба онҳо аҳаммият надодам. Лаҳзаҳое буданд, ки мо 7-8 ҳунарманд намоишро иҷро мекардем, вале дар толор ҳамагӣ 5-6 бинанда ҳузур дошт. Мо ба ҳамин ҳам шукрона мекунем, ки чунин тамошобин дорем. Театр бинандаи хоси худро дорад. Онро ҳар кас намефаҳмад.

Театр оинаи зиндагист. Он пешбаранда ва маслиҳатгари ҷомеа аст. Театр доимо як қадам аз ҷомеа пеш аст. Театр хонаи ман аст. Ҳар пагоҳӣ кор омадан бароям мисли ид аст, чун касбамро хеле дӯст медорам. Бароям ҳар нақши меофарида ва табрики дӯстону мухлисон мояи ифтихор аст. Азпешаи интихобкардаам пушаймон нестам ва нахоҳам шуд.

Шогун Давлатбекова соҳиби дипломи “Беҳтарин нақши занона” дар фестивал-озмуни театрҳои касбии “Парасту-2019” шудааст. Ӯ дар намоишномаҳои “Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд”, “Дирафши Коваёнӣ”, “Қаториҳо”, “Зани оҳанин”, “Сареву савдое”, “Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ…” ва ғайра нақш офаридааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.