Вазорати меҳнат барои зиёда аз 4 ҳазор нафар кори ҷамъиятӣ пайдо кард

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4,3 ҳазор нафар бекороне, ки дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буданд, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд. Ҳудуди 41%-и онҳоро занон ва 38%-ашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тавре ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4,3 ҳазор нафар бекороне, ки дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буданд, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд. Ҳудуди 41%-и онҳоро занон ва 38%-ашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Тавре ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби корфармоён 4300 нафар бекороне, ки дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буданд, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд. Ин нишондод 61,4 фоизи пешгӯии солонаи барномаро ташкил медиҳад.

Онҳо ба корҳои ҷамъиятии музднок бар асоси шартнома ҷалб шуданд.

Ба иттилои Вазорат, дар ин давра 1100 нафар ба корҳои кабудизоркунию ободонӣ сафарбар шудаанд, ки 25,6% аз теъдоди умумии шахсони муваққатан бо кор таъминшударо ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, 450 нафар ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ (10,5%), 500 нафар барои ободонии ҷангалҳо (11,6%), 200 нафар корҳои обёрӣ ва ирригатсионӣ (4,6%), 210 нафар ба иҷрои корҳои ҷудогона дар сохтмони роҳ (4,9%), 250 нафар ба бунёди боғ (5,8%), 380 нафар барои тоза намудани ҷўйю канал (8,8%), 430 нафар ба кандан ва маҳкам намудани соҳил (10,0), 110 ба кашидани хату барқ (2,6%), 120 нафар ба кандани чуқурӣ барои ниҳол (2,8%) ва 550 нафар барои дигар намуди корҳо (12,8) ҷалб шудаанд.

Дар миқёси вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ дар ВМКБ 367 нафар, вилояти Хатлон – 1367, вилояти Суғд – 1129, шаҳри Душанбе – 210 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1227 нафар шаҳрвандони бекор ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд.

Ба иттилои Вазорат, аз шумораи зикргардида дар ин давра 881 нафар муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд.

Ба шаҳрвандони бекор 11 навъи корҳои ҷамъиятии музднок пешниҳод гардида, шумори онҳо дар рӯйхат ҳамагӣ зиёда аз 40 навъ зикр шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, то аввали соли 2024 дар Тоҷикистон расман 48,3 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, ки 9,7% камтар нисбат ба соли гузашта аст. Аз теъдоди умумӣ 46,3%-ашон занон мебошанд. Сафи бекорон ба 1,8%-и қувваи корӣ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Корҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, корфармоён (новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ) ва бо иштироки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандони бекоре, ки ҳамчун корҷӯ дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқи иштирок дар корҳои ҷамъиятиро доранд.

Бо шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар корҳои ҷамъиятиро доранд, ба муҳлати аз 1 то 3 моҳ шартномаи меҳнатии таъҷилӣ (қарордод) баста мешавад. Шаҳрвандони бекоре, ки кумакпулӣ барои бекориро намегиранд ва дар мақомоти давлатии шуғл беш аз 6 моҳ дар қайд ҳастанд, ба иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.