Изҳороти сафири Амрико дар Душанбе: “Чархболҳоро ба “Толибон” намедиҳем”

Сафири Амрико дар Душанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон сарнавишти чархболҳоеро баррасӣ доранд, ки моҳи августи соли гузашта аз хоки Афғонистон ба кишвар омадаанд. Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 10-уми май дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, кишвараш ният надорад, онҳоро ба Толибон бисупорад. "Ин чархболҳо ба Толибон дода намешаванд, чун ба онҳо тааллуқ надоранд," – […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Сафири Амрико дар Душанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон сарнавишти чархболҳоеро баррасӣ доранд, ки моҳи августи соли гузашта аз хоки Афғонистон ба кишвар омадаанд.

Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 10-уми май дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, кишвараш ният надорад, онҳоро ба Толибон бисупорад. "Ин чархболҳо ба Толибон дода намешаванд, чун ба онҳо тааллуқ надоранд," – илова кард сафир.

Поммершайм ҷузъиёти гуфтугӯи Вашингтону Душанберо дар масъалаи чархболҳо ошкор накард.

Толибон иддао доранд, ки пас аз фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон даҳҳо чархболу ҳавопаймо ба Тоҷикистону Узбекистон рафтаанд ва бояд баргардонда шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон омадани низомиёну халабонҳои афғонро тасдиқ карда, аммо дар бораи миқдори чархболу ҳавопаймоҳои монда иттилои пурра надодаанд.

Беш аз 140 халабон ё пилотҳои афғонистониро моҳи ноябри соли 2021 аз Душанбе ба шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.