Истеҳсоли ангур дар Тоҷикистон 11 баробар зиёд шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Боғдорони Тоҷикистон то 1 сентябри соли ҷорӣ зиёда аз 31 ҳазор тонна ҳосили ангур ҷамъоварӣ карданд, ки 11 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки зимистони соли 2022 ҳавои сард ба қисми зиёди токзорҳо зарар расонида, он ба ҳаҷми истеҳсоли ангур таъсири манфӣ расонид. Аммо боғдорони соҳибтаҷриба дар як муддати кӯтоҳ токзорҳоро барқарор намуда, ҳаҷми истеҳсолро зиёд карданд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳам ҳосили хуб доданд. Дар тобистон зиёда аз 270 ҳазор тонна ҳосили меваҳои гуногун ҷамъоварӣ шудааст, ки 54% зиёдтар нисбат ба ҳаимн давраи соли гузашта аст.

Ҷамъоварии ҳосили меваҳо ва ангур идома дошта, то охири сол нишондиҳандаҳо метавонанд боз якчанд фоиз боло раванд.

Дар муқоиса бо соли гузашта истеҳсоли сабзавот 25% афзуда, 1,1 млн тоннаро ташкил дод. Аз ҷумла 515 ҳазор тонна пиёз (афзоиш – 13%), 192 ҳазор тонна помидор (+36%), 128 ҳазор тонна сабзӣ (+42%), 107 ҳазор тонна бодиринг (12%) ва 160 ҳазор тонна дигар навъи сабзавот (+66%) парвариш ёфтааст.

Истеҳсоли зироати полезиҳо – тарбузу харбуза ва каду 53% зиёд шуда, ба 563 ҳазор тонна расидааст. Ҳаҷми истеҳсоли картошка 35% афзуда, 280 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ҳамчунин истеҳсоли зироатҳои ғалладона ва хӯрока барои чорво низ зиёд шудааст.

То имрӯз зиёда аз 808 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки 4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Аз ин миқдор ҳудуди 645 ҳазор тоннаашро гандум ташкил медиҳад, ки 3,8% камтар аз ҳаҷми соли гузашта аст.

Айни замон кишоварзони Тоҷикистон дар майдони зиёда аз 201 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки 5 ҳазор гектар аз нақша ва 14 ҳазор гектар зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад.

Дар ин заминҳо зироати ғалладона, сабзавот, картошка ва зироатҳои хӯрока барои чорво парвариш карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...