Мактаберо дар Ҳисор ба номи Акбаралӣ Сатторов гузоштанд

Дар “Рӯзи дониш” мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисорро ба номи Акбаралӣ Сатторов (Акбари Саттор), журналисти хушноми тоҷик ва раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гузоштанд. Ба қавли дӯстони Акбаралӣ Сатторов, пешниҳоди номгузории мактаб ҳанӯз соли 2015 ироа шуда буд, аммо қарори дахлдор моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор имзо шуд. Ва 1-уми […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дар Рӯзи дониш мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисорро ба номи Акбаралӣ Сатторов (Акбари Саттор), журналисти хушноми тоҷик ва раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гузоштанд.

Ба қавли дӯстони Акбаралӣ Сатторов, пешниҳоди номгузории мактаб ҳанӯз соли 2015 ироа шуда буд, аммо қарори дахлдор моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор имзо шуд.

Ва 1-уми сентябр бо ҳузури нависандагону рӯзноманигорон, масъулини шаҳрдории Ҳисор ва наздикону пайвандон мактаби деҳаи зодгоҳи Акбаралӣ Сатторов ба номи ӯ гузошта шуд.

Гузориши моро аз ин чорабинӣ тамошо кунед:

 

Акбаралӣ Сатторов 10-уми феврали соли 1965 ба дунё омадааст. Соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм карда, ҳамон сол ҳамчун мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба кор оғоз намудааст. Худи ҳамон сол ба рӯзномаи “Садои мардум” ба кор гузашта, то соли 1994 ҳамчун мухбир, мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқ кор кардааст.

Соли 1994 ҶДММ “Чархи гардун”-ро ташкил намуд, ки рӯзномаҳои “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Авиценна”, “Аладдин”, “Студент”, “День за днём…” ва “Дайджест пресс” ба таркиби он ворид мешуданд. Ӯ ҳамчунин соҳиби нашриёти “Интишор” низ буд. Аз моҳи июни соли 2006 то поёни умр раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Акбаралӣ Сатторовро яке аз эҳёкунандагони журналистикаи тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳомии журналистони кишвар низ медонанд.

Ӯ 28 августи соли 2015 ин оламро падруд гуфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.