Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шуруъ аз 1-уми сентябри соли 2024 дар 20 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе истифодаи журналҳои анъанавӣ (коғазӣ) ба таври озмоишӣ қатъ гардида, журнали электронӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар ин хусус дар Сарраёсати маорифи пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, дар ҳар як синфи муассисаҳои таълимӣ барои омӯзгор як адад компютер гузошта шудааст, ки онҳо метавонанд дар раванди дарс баҳои хонандаро дар журнали электронӣ гузоранд.

Ба гуфтаи масъулин, дар журнали электронӣ ҳамчунин омӯзгор метавонад баҳои гузошташударо шарҳ диҳад. Ҳангоми пур кардани он баҳо ва вазифаи хонагӣ ба таври худкор дар рӯзномаи электронии хонанда пайдо мешавад.

“Электронӣ гардидани журнал аз ҷониби волидайн хуб қабул гардид, чун онҳо метавонанд саривақт аз давомоти фарзандашон огоҳ бошанд ва дар барномаи “eDonish” ҳамарӯза аз натиҷаи фаъолияти онҳо огоҳ бошанд”,- гуфтанд дар Сарраёсати маорифи пойтахт.

Дилноза Комилзода, сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city)-и шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки низоми мазкур пурра автоматӣ шудааст ва пур кардани журнали электронӣ 5 дақиқа вақтро мегирад.

“Шояд бо мурури замон журнал ва рӯзномаи анъанавӣ аз байн равад, ки ин вақт ва маблағро барои хариди онҳо сарфа мекунад. Омӯзгорон ва волидайн метавонанд бо як пахш журнал ва рӯзномаҳои электрониро тафтиш кунанд, имзо гузоранд ва шикояту пешниҳоди худро нависанд”, – гуфт Комилзода.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз омӯзгорон ба электронӣ гардидани журнал ва аз байн рафтани журнали анъанавӣ назари манфӣ доранд. Омузгори яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, ки нахост номаш ифшо шавад, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” паҳлӯи дигари ин иқдомро шарҳ дод.

“Ин система барои хонанда ҳам номафҳум аст. Бигзор мисли се соле, ки дар баробари журнали электронӣ журнали анъанавӣ низ буд, аз ин ба баъд низ омӯзгорон ҳаққи истифодаи ҳардуро дошта бошанд. Баъдан аксарияти падару модарон низ аз ин система огоҳ нестанд ва истифода низ намебаранд, агар истифода кунанд ҳам шояд баъди моҳҳо як маротиба онро аз назар мегузаронанд”, – гуфт омӯзгор.

Ӯ дар идома афзуд, ки журнали анъанавӣ ҳамчун ҳуҷҷат давоми 75 сол дар архиви муассиса нигоҳ дошта мешавад ва ҷойгоҳи онро журнали электронӣ гирифта наметавонад.

Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо истифодаи журнали анъанавӣ ба таври озмоишӣ манъ гардида, журнали электронӣ роҳандозӣ гардидааст:

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...