“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бо номи “Заволи пиряхҳо” филми мустанад ба навор гирифта шуд. Дар он оид ба обшавии пиряхҳои Тоҷикистон, ки яке аз манбаъҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, сухан меравад. Филми мустанадро Одина Маҳмад, коргардони ҷавони тоҷик сабт кардааст. Ӯ мегӯяд, филм яке аз мавзӯҳои муҳим дар Тоҷикистон ва ҷаҳон- обшавии […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон бо номи “Заволи пиряхҳо” филми мустанад ба навор гирифта шуд. Дар он оид ба обшавии пиряхҳои Тоҷикистон, ки яке аз манбаъҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, сухан меравад.

Филми мустанадро Одина Маҳмад, коргардони ҷавони тоҷик сабт кардааст. Ӯ мегӯяд, филм яке аз мавзӯҳои муҳим дар Тоҷикистон ва ҷаҳон- обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлимро фаро гирифта, дар асоси таҳқиқоти олимони соҳа, ки дар тӯли 20 соли охир гузаронида шудаанд, омода гардидааст.

“Дар филм графикаҳои 3D ва инфографика истифода шудаанд, ки ин ба тамошобинон имкон медиҳад, то пайомадҳои экологӣ, аз ҷумла тағирёбии иқлимро равшантар дарк кунанд. Ҳоло филмҳои мустанад воситаи муассири баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд, ки имрӯз инсоният рӯ ба рӯ шудааст”,-гуфт Одина Маҳмад.

Ба иттилои ӯ, филм дар 7 моҳ омода шуда, муаллифи он Некрӯзи Ҷалилиён ва наворбардор Абдукарим Уроқов мебошад.

Бодя гуфт, ки пиряхҳои Тоҷикистон 60% захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд ва тағйироти номатлуби иқлим ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таъсир мерасонад. Чунин филмҳо метавонанд дар ин маврид баҳсҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оранд ва ба қабули қарорҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист ва ояндаи инсоният равона шудаанд, таъсир расонанд.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.