Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз сафари корӣ ба вилояти Хатлон, рӯзи 7-уми сентябр бо сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад ва ин сафар то 10-уми сентбяр идома меёбад.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд (БДА) бо нашри як эълон гуфтаст, ки дар пайи сафари кори меҳмонони олиқадр ба шаҳрҳои ноҳияҳои вилояти Суғд ва баргузории ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳаракат дар бархе роҳҳои вилоят муввақатан қатъ мешавад.

Ҳамин тавр, тибқи иттилои манбаъ:

– рӯзи  7-уми сентябри соли 2024, кӯчаҳои "Хувайдуллоев", "Бобоҷон Ғафуров", "Гагарин" ва "Исмоили Сомонӣ"-и шаҳри Бӯстон, роҳҳои автомобилгарди "Хуҷанд-Ғафуров" ва кӯчаи марказии шаҳри Сардараву ва кӯчаи "Истиқлол"-и шаҳри Гулистон;

– рӯзи 8-уми сентябри соли 2024, роҳҳои автомобилгарди "Булоқ-Понғон", ҳудуди роҳҳои марказии ҷамоатҳои "Шодоба", "Ошоба" ва "Алпон"-и ноҳияи Ашт;

– рӯзи 9-уми сентябри соли 2024, кӯчаи "Истиқлол"-и шаҳри Гулистон, роҳҳои автомобилгарди "Хуҷанд-Ғафуров", кӯчаҳои "Исмоили Сомонӣ" ва "Камоли Хуҷандӣ"-и шаҳри Хуҷанд, кӯчаи "Ёва"-и ҷамоати Ёва ва пули "Истиқлол" (Ҷигатой) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, чорраҳаи маҳаллаи Сарсук, кӯчаҳои "Рифат Ҳоҷиев", "Шимкент" ва "25-солагии Истиқлолият"-и шаҳри Хуҷанд;

– рӯзи 10-уми сентябри соли 2024, роҳҳои автомобилгарди "Конибодом-Деҳмой", ҳудуди деҳаи "Кучкак", кӯчаи "М Турсунзода"-и деҳаи "Исмоили Сомонӣ", кӯчаҳои "Камоли Хуҷандӣ", "Исмоили Сомонӣ", "Содир Кобилов", "Маданият" ва "Айнӣ"-и шаҳри Конибодом.

баста мешавад.

Давомнокӣ ва соати баста шудани роҳҳо гуфта нашудааст.

БДА аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки ҳаркарти худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафати ин роҳҳо идома диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло дар сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, дар чорабиниҳои фарҳангии Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, ки дар Суғд мегузарад ширкат хоҳад кард.

Ҳамчунин, бо иштироки ӯ як қатор биноҳои маъмуриву хидматӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...