Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт

Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик баландтарин ҷоизаи адабии кишвар -Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифт. Ҷоизаро дирӯз, 5-уми сентябр дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ӯ супориданд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз лаҳзаи супоридани ҷоиза мечархад, дида мешавад, ки ҷоизаро Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робита ба ҷомеа мусупорад […]

Asia-Plus

Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик баландтарин ҷоизаи адабии кишвар -Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифт. Ҷоизаро дирӯз, 5-уми сентябр дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ӯ супориданд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз лаҳзаи супоридани ҷоиза мечархад, дида мешавад, ки ҷоизаро Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робита ба ҷомеа мусупорад ва таъкид мекунад, ки “ифтихорманд ҳастам, ки ин ҷоизаро  ман месупорам”.

Далер Назаров ҳамроҳи 7 таҳиякунандаи филми “Роҳ”-и коргардон Носир Саидов сазовори ин ҷоиза шуд.

Дирӯз, дар Иттифоқи нависандагон ҳамчунин ба дигар таҳкиякунандагони ин филм:

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон

Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик

Зулфия Содиқова, ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон

Георгий Дзалаев, суратгир ва наворбадор

Нисо (Надежда) Муҳаммадҷонова, ҳунарпешаи театру синамо

Абдукарим Машрабов, ҳунарпеша ва роҳбари театри Лоҳутӣ

ҷоизаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ супорида шуд.

Коргардони филм Носир Саидов рӯзи 29-уми август аз дасти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҷоизаро гирифта буд.

Ба ғайр аз 8 таҳиягарони филми “Роҳ”, инчунин, дар самти адабиёт шоир, Рустами Ваҳҳоб, нависанда Равшани Махсумзод ва адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов, дар самти муҳаққиқӣ Ҷӯрахон Обидпур, корманди Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва дар самти меъморӣ Азизиён Самӣ, сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе соҳиби ҷоизаи Рӯдакӣ гардиданд.

Баҳси додани унвони давлатӣ ба Далер Назаров солҳост, ки идома дошт. Чандин маротиба гурӯҳе аз санъаткорону фарҳангиёни кишвар пешниҳод карда буданд, ки ба ӯ ҷоизаи давлатӣ диҳанд. Гуфтугузорҳо ҳам буд, ки ӯ дар “рӯйхати сиёҳ” аст, аз ин рӯ, ба ҳеҷ ҷоизаи давлатӣ сарфароз намешавад.

Вале чандин маротиба ҳам масъулини Вазорати фарҳанги кишвар, аз ҷумла вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфта буд, ки “барои ӯ ҳеҷ монеа ва маҳдудияте барои гирифтани мукофоти давлатӣ мавҷуд нест”.

Вазир таъкид намуд, ки барои гирифтани мукофоти давлатӣ расмиёти қонун бояд иҷро шаваду пешниҳодҳо метавонанд аз сатҳи ноҳи ва ю вилоятҳо ироа гарданд. 

Худи Далер Назаров борҳо дар суҳбату мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки ба ӯ ҳеҷ унвон лозим нест, зеро муҳаббати мухлисон барояш унвон мебошад.

“Замоне дар куҷое ҳам атрофи ҳамин савол баҳс карда буданд ва ман мегӯям, ки мусиқӣ барои ман кор нест, балки зиндагӣ, муҳаббат ва истироҳати ман аст. Чаро барои коре, ки ман аз иҷрои он лаззат мебарам, мукофотам бидиҳанд? Ин ҳам мисли онест, ки барои нафаскашӣ ба ман мукофот медиҳанд”, – изҳор дошта буд дар яке аз навиштаҳояш  Далер Назаров.

Бояд гуфт, ки ду рӯз пас – 8-уми сентябр ин овозхони машҳури тоҷик 65-сола мешавад. Ӯ соли 1959 дар ВМКБ дар оилаи вазири фарҳанги пешин Меҳрубон Назаров дида ба олам кушодааст.

«Сарви хиромон», «Агар ба гулшан», «Нозукбадан», «Гули бодом дорам», «Ҷон-ҷон», «Суруди некӣ», «Ҷони азизам», «Агар он турки шерозӣ», «Дар фироқи ҷонон», «Зебо ба зебо», «Таронаи дил», «Аз шаршараи мўят», «Духтари деҳқон», «Андулаки лабшакар», «Най», «Маҷнунам кардӣ», «Ёдато» барин таронаҳояш ба сурудҳои мардумӣ табдил ёфта, берун аз Тоҷикистон ҳам садо медиҳанд. Номи ин ҳунарманд берун аз ҳудуди Тоҷикистон ни машҳур аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.