“Қонуни тиб”-и Сино барандаи Шоҳҷоиза шуд

Шоира Мадалиева, Asia-Plus

Шоҳкитоби Абӯалӣ ибни Сино – “Қонуни тиб” дар Озмуни XXI байналмилалии Санъати китоб-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Дар умум, ноширони Тоҷикистон 12 мақом ба даст оварданд.

Дар шаҳри Москав санаи 6-уми сентябр натиҷаҳои озмуни байналмилалии “Санъати китоб” эълон ва ғолибон қадрдонӣ гардиданд. “Шоҳҷоиза”-и озмунро китоби “Қонуни тиб”-и Абӯалӣ ибни Сино, ки дар як муҷаллади бузурги хуштарҳ бо хати сириллик тавассути сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” нашр гардид, сазовор гардид.

Озмуни мазкур санаи 7-8 август дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз рӯйи 10 номина баргузор шуд. Дар он наширони давлатҳои ИДМ бо маҳсули кори хеш ширкат варзиданд. Аз Тоҷикистон нашриёти “Ирфон”, Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, нашриёти “Адиб” бо китобҳои нашркардаи худ иштирок намуда, дар номинаҳои гуногун сазовори 12 мақом гардиданд.

Аз ҷумла, китобҳои "Гулчини ғазалиёт"-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар номинаи "Муколамаи фарҳангҳо" ва китоби "Саёҳатнома"-и Саид Аҳмад Давлаҳмад дар номинаи "Китоб барои кӯдакону наврасон" сазовори ҷойи аввали озмуни мазкур гардиданд.

Китобҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар номинаи "Кишвари ман", "Донишномаи мухтасари бузургони форсу тоҷик" дар номинаи "Илм ва маориф" ва китоб-албоми "Тоҷикистон" дар номинаи "Китоби мусаввар" ҷойи дуюмро соҳиб гаштанд.

Китобҳои "Ахтарони илм" дар номинаи "Санъати тазйин", "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар номинаи "Дар Иттиҳод чоп шудааст" ва китоби "Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик" дар номинаи "Иттиҳод" сазовори ҷойи сеюми ин озмуни байналмилалӣ гардиданд.

Озмуни байналмилалии “Санъати китоб” аз соли 2004 инҷониб бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ байни ноширони китоб, баланд бардоштани фарҳанги нашри китоб, таблиғи беҳтарин дастовардҳои нашриётҳо ва табодули арзишҳои маънавию фарҳангӣ байни кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад. Муассиси он Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, тавзеъи китоб ва полиграфия мебошад. Имсол ҳайати ҳакамони ҷаласаи 21-уми озмунро шаҳри Душанбе мизбонӣ кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...