Аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунед! Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дод, ки аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Сабаби тавсияи худдорӣ аз сафар ба ин кишварро сафорат ба пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Русия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ рабт додааст. Айни ҳол дар ин маврид шарҳи бештар дастрас нест. Бояд гуфт, […]

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дод, ки аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Сабаби тавсияи худдорӣ аз сафар ба ин кишварро сафорат ба пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Русия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ рабт додааст.

Айни ҳол дар ин маврид шарҳи бештар дастрас нест.

Бояд гуфт, ин аввалин тавсияи ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон барои худдорӣ аз сафар ба Русия нест. Пештар, баъди оғози ҷанги Русия дар Украина ва баъди он, дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба толори консерти "Крокус Сити Ҳол" ва бо иттиҳоми содир кардани он боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистону дар пайи он афзоиши санҷишҳои тоҷикон ҳангоми вуруд ба Русия низ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоста буд, ки аз сафар ба ин кишвар муваққатан худдорӣ кунанд.

Ҳафтаи гузашта Қирғизистон низ аз шаҳрвандонаш хост аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ сабаби ин даъват, “пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Русия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ” зикр гардид.

Бояд гуфт, ки Русия баъди ҳамлаи мусаллаҳона ба толори консерти "Крокус Сити Ҳол"-и вилояти Маскав дар моҳи марти соли ҷорӣ ва бо иттиҳоми содир кардани он боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистону маъракаи санҷиши муҳоҷиронро тақвият бахшид ва барои вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ монеаҳои зиёд эҷод кард. Теъдоде аз хоҳишмандони вуруд ба Русия дар гузаргоҳҳои заминӣ маҷбуранд чандин рӯз навбат истанд ва дар охир посухи рад гиранд. Ҳамин тавр баъзеи онҳое, ки тавассути ҳавопаймо сафар мекунанд, низ соатҳо ва баъзан чанд рӯз дар навбат истода ё бозпурсӣ шуда, барои вуруд ба Русия иҷоза намегиранд. Ҳамаи он  бо шеваи тунд сурат мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио