Дилшод Назаров раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд

Дилшод Назаров, гурзандози шинохтаи тоҷик раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон аъзои Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардидааст. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ӯ дар 44-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии ҳисоботию интихоботии ин шӯро, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардид, раиси кумита интихоб шуд. Дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дилшод Назаров, гурзандози шинохтаи тоҷик раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон аъзои Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардидааст. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ӯ дар 44-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии ҳисоботию интихоботии ин шӯро, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардид, раиси кумита интихоб шуд.

Дар натиҷаи ин овоздиҳӣ, Раҷа Рандхир Сингҳ, президенти Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид.

Бояд гуфт, ки ин гурзандози шинохтаи тоҷик ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад. Қаблан ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон кор кардааст.

Дилшод Назарови 41-сола нахустин қаҳрамони олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои Рио-де-Жанейро дар риштаи гурандозӣ аст. Ӯ инчунин барандаи медали нуқраи мусобиқаи қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад.

Бояд гуфт, ки Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) ё Olympic Council of Asia (OCA) як созмони байналмилалӣ мебошад, ки масъулияти пешбурди ҳаракати олимпӣ дар қитъаи Осиёро бар дӯш дорад. Ин ниҳод соли 1982 таъсис ёфтааст ва мақсади асосии он тарғиби варзиш ва ҳамкориҳои варзишӣ миёни кишварҳои осиёӣ мебошад.

ШОО чорабиниҳои варзишии сатҳи қитъавӣ, аз ҷумла, Бозиҳои осиёӣ (Asian Games), Бозиҳои ҷавонони Осиё (Asian Youth Games), Бозиҳои соҳилии Осиё (Asian Beach Games), Бозиҳои зимистонаи Осиё (Asian Winter Games) ташкил ва назорат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.