“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “WhatsApp” паёме мечархад, ки гӯё як гурӯҳ ба манзили сокинон рафта, худро кормандони милитсия муаррифӣ мекунанд ва бо роҳи фиреб онҳоро ғорат мекунанд. Маълум шуд, ки чунин паёмро мақомот ирсол накардааст ва он асоси воқеӣ надорад.

Дар паём бо чанд ғалати имлоӣ, аз ҷумла гуфта мешавад, ки “ин гурӯҳ ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои дорои рамзҳои Вазорати корҳои дохилиро бо худ доранд ва изҳор медоранд, ки онҳо бояд мавҷудияти шаҳодатномаҳои эътибори ҳамаи сокинонро тафтиш кунанд ва биометрияро дар арафаи "барӯйхатгирии аҳолӣ" бардоранд… Онҳо метавонанд либоси ВАЗОРАТИ корҳои дохилиро пӯшанд. Онҳо нияти гирифтани акс/изи ангушти шуморо "дар доираи ягон схема"изҳор мекунанд. Онҳо ноутбук, дастгоҳи биометрикӣ ва рӯйхати сокинонро бо худ доранд. Онҳо ин рӯйхатро нишон медиҳанд ва хоҳиш мекунанд, ки ҳамаи ин маълумотро пешниҳод кунанд”.

“Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дурустии ин паёмро пурсид.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки чунин хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, он аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда шудааст.

“Вобаста ба ҳолати мазкур мақомоти корҳои дохилӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, он аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда шудааст” – шарҳ доданд дар РВКД-и пойтахт.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кард, ки “ба ҳар гуна овоза ва хабарҳои беасос эътимод накарда, танҳо ба маълумот ва хабарҳои расмӣ, ки тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд, бовар кунанд”.

Бояд гуфт, ки чунин паёмҳо ҳанӯз моҳи майи соли ҷорӣ низ дар паёмрасонҳо паҳн гардида буданд. Он вақт низ РВКД-и шаҳри Душанбе бо нашри изҳороте дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сокинон хоста буданд, “ба ҳар гуна овозаву хабарҳои беасос бовар накунанд ва ба хабарҳои расмӣ эътимод дошта бошанд”.

Ба иттилои милитсияи пойтахт, сабаби дубора паҳн шудани ин паём аз ҷониби худи шаҳрвандон ба якдигар ирсол кардани он аст, ки дар натиҷа пайдо кардани сарчашмаи ин гуна хабару овезаҳо номумкин мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...