Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд

Раиси ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакентро барои гузаронидани маъракаи “ҳоҷиошӣ” қариб 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд. Дар ин бора Парвиз Амонзода, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар додааст. Ӯ дар як мақолааш, ки саҳифаи расмии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар “Фейсбук” нашр кард, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раиси ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакентро барои гузаронидани маъракаи “ҳоҷиошӣ” қариб 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд. Дар ин бора Парвиз Амонзода, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар додааст.

Ӯ дар як мақолааш, ки саҳифаи расмии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар “Фейсбук” нашр кард, навиштааст, ки сабаби барканории А. Шамсиев аз вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Косатарош “вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ” аст.

“…Раиси Ҷамоати деҳоти Косатарош, сокини деҳаи Чорбоғ Шамсиев А., маъракаи ҳоҷиоширо бар хилофи муқаррароти Қонун доир намудааст. Нисбат ба Шамсиев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 57 600 сомонӣ ҷарима карда шуд. Ӯ аз иҷрои вазифаи хизмати давлатӣ низ сабукдӯш гардид”,- навиштааст Парвиз Амонзода.

Ба навиштаи ӯ, ҳамчунин як мансабдори дигари шаҳр барои баргузор кардани маъракаи “ҳоҷиошӣ” қариб 40 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Ӯ иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент Муродилозода Ҳ. аст, ки “маъракаи ҳоҷиоширо бо теъдоди зиёди одамон баргузор намудааст”.

Маълум нест, ки нисбати ҳарду мансабдори маҳаллӣ кай ҷазо татбиқ шудааст. Вале мақолаи Амонзода 8 моҳи фаъолияти бахши дини шаҳрро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 32 ҳолати вайрон кардани муқаррароти қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ошкор гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо қабули тағйиру иловаҳо ҷазо барои нақзи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” сангинтар гардид: аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор 000 сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар).

Аз ҷумла, барои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ шаҳрвандон 21 ҳазору 600 сомонӣ ва мансабдорон 57 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.