Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард

Нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар пойтахти Тоҷикистон ин ҳафта ба фурӯши шабонарӯзии гази моеъ, ки сӯзишвории асосӣ барои автомашинаҳо дар кишвар маҳсуб меёбад, оғоз карданд. То ин вақт фурӯши чаканаи ин навъи сӯзишворӣ рӯзона боздошта мешуд. Вазорати энергетика инро бо сабаби ҳарорати баланди ҳаво шарҳ дода буд. “Бо мақсади риояи талаботи бехатарӣ ва мувофиқи “Қоидаҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар пойтахти Тоҷикистон ин ҳафта ба фурӯши шабонарӯзии гази моеъ, ки сӯзишвории асосӣ барои автомашинаҳо дар кишвар маҳсуб меёбад, оғоз карданд.

То ин вақт фурӯши чаканаи ин навъи сӯзишворӣ рӯзона боздошта мешуд. Вазорати энергетика инро бо сабаби ҳарорати баланди ҳаво шарҳ дода буд.

“Бо мақсади риояи талаботи бехатарӣ ва мувофиқи “Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)” дар мавсими тобистон зимни болоравии ҳарорат фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯше, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, бояд маҳдуд карда шавад”, – зикр карда буданд дар Вазорати энергетика.

Пас аз бекор шудани маҳдудиятҳо арзиши 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт тайи рӯзҳои ахир аз 8, 20 сомонӣ то ба 8,00 – 7,80 сомонӣ поин рафтааст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози нимсолаи дуюми соли равон болоравии босуръати арзиши гази моеъ – аз 5,8 сомонӣ то 8,30 сомонӣ барои 1 литр (афзоиш ба андозаи 43,1%) ба мушоҳида расид.

Ин дар шароити камбуди шадиди ин навъи сӯзишворӣ дар аксарияти нуқтаҳои фурӯш сурат гирифта, онро танҳо дар баъзе нуқтаҳо бо нархи баланд пайдо кардан имкон дошт.

Дар Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ қаблан зимни шарҳи ин масъала зикр карда буданд, ки дар мавриди интиқоли гази моеъ аз ҷониби кишварҳои содиркунанда ҳеҷ гуна маҳдудияте ҷорӣ нашуда, дар анборҳои нигаҳдории сӯзишвории ширкатҳои воридкунанда барои таъмини бозори дохилӣ сӯзишворӣ кофист.

Дар Вазорат хотиррасон карда буданд, ки дар Қазоқистон, ки гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз ҳамон ҷо ворид мешавад, “тасҳеҳи нархҳо бо мақсади нигаҳдории сатҳи истеҳсол”-и ин сӯзишворӣ эълон шудааст.

Аз ин рӯ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон охири моҳи июл аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки дар мавриди тағйири нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш нигарон набошанд, зеро ин масъала таҳти назорати мақомоти ваколатдор қарор дорад.

Дар навбати худ, дар Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ болоравии арзиши гази моеъро ба якчанд омоили беруна, аз ҷумла зиёд шудани арзиши воридотӣ ва баргузории корҳои таъмир дар корхонаҳои коркарди кишварҳои содиркунанда марбут донистанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 195,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки 12,3 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Арзиши 1 тонна сӯзишвории воридшуда дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 681 долларро ташкил додааст, ки 278 доллар ё худ 69% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ба воридоти гази моеъ дар ин давра 17 субъект машғул будаанд, ки ҳиссаи нисбатан зиёди он ба ширкатҳои зерин рост меояд: ҶДММ «Темур Ойл» (21,2%), ҶДММ «Аллат» (10,0%), ҶДММ «Октан сервис» (9,9%), ҶДММ «Ирис» (8,3%), ҶДММ «Газпромнефт Тоҷикистон» (8,1%) ва ҶДММ «Эмом импорт экспорт» (8,0%).

Ёдрас мекунем, ки гази моеъ дар байни 19 номгӯи маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим қарор дошта, мувофиқи қарори махсуси ҳукумат, зимни нархгузории онҳо ба дахолати Хадамоти зиддиинҳисорӣ роҳ дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.