Дар Русия тасдиқи шахсият зимни харидани симкорт талаб хоҳад шуд

Asia-Plus

Вазорати рақамикунонии Русия пешниҳод кардааст, ки шаҳрвандони Русия ва хориҷиён ба тасдиқи шахсияти худ ҳангоми харидории симкорт уҳдадор карда шаванд. Ин вазорат қоидаҳои нави пешниҳоди хидматрасониҳои телефониро таҳия кардааст, ки дар портали лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудаанд.

Шаҳрвандони Русия ҳангоми харидории симкорт бояд шахсияти худро бо яке аз се роҳ тасдиқ кунанд: тавассути шиноснома, тавассути портали "Госуслуги" (ё тавассути ташкилоти ваколатдор, агар шаҳрванд дар портали "Госуслуги" сабт нашуда бошад) ё бо ёрии биометрия. Тавре ки РБК менависад, барои хориҷиён ин тасдиқ танҳо ҳангоми ҳузури шахсӣ ва тавассути биометрия сурат хоҳад гирифт.

Тавре ки дар Вазорати рақамикунонии Русия шарҳ додаанд, ин тағйирот бо қонуне вобаста аст, ки Владимир Путин дар моҳи август имзо гузоштааст. Қонун ба маҳдудсозии муомилоти симкортҳо равона шуда, ҳадафаш беҳбуди амният ва бароҳатӣ барои ҳамаи муштариён, инчунин мубориза бо қаллобӣ ва симкортҳои ғайриқонунӣ мебошад.

То анҷоми давраи гузариш (барои шаҳрвандони Русия — то 1 ноябри соли 2025 ва барои хориҷиён — то 1 июли ҳамин сол), операторони мобилӣ бояд шартномаҳои аллакай басташударо санҷанд ва агар симкортҳо аз шумори иҷозашуда зиёд бошанд, муштариёнро дар ин бора огоҳ кунанд. Агар дар давоми ин муҳлат миқдори симкортҳо кам карда нашавад, хидматрасонии алоқаи мобилӣ барои ҳамаи рақамҳо қатъ хоҳад шуд.

«Хориҷиёне, ки аллакай аз симкортҳои Русия истифода мебаранд, бояд дар давраи гузариш шахсияти худро тавассути биометрия тасдиқ кунанд», — гуфта мешавад дархабари Вазорат.

Пардохти хидматрасонии алоқа бо пули нақд танҳо дар ташкилотҳои аз ҷониби ҳукумат ваколатдоршуда ва танҳо бо тасдиқи шахсият бо шиноснома ё тавассути портали "Госуслуги" имконпазир хоҳад буд.

Мувофиқи қонун, акнун шаҳрвандони Русия метавонанд на бештар аз 20 симкорт ва хориҷиён – на зиёдтар аз 10 симкорт ба номи худ сабт кунанд. Шартнома барои пешниҳоди хидматрасониҳои алоқа бо шаҳрвандони хориҷӣ танҳо бо ҳузури шахсӣ ва дар ҳоле баста мешавад, ки маълумоти онҳо дар системаи ягонаи биометрӣ мавҷуд бошад.

Қаблан Думаи давлатӣ низ эълон карда буд, ки талабот барои сабти симкортҳо шадидтар мешавад, аммо он вақт масъала танҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ рабт дошт.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон низ симкортҳо танҳо бо пешниҳоди шиноснома сабт карда мешаванд. Шаҳрвандон метавонанд на бештар аз ду симкортро аз як оператор харидорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...