“Шоири шумо будан ҷазост”. Рӯнамоии гулчини ғазалиёти Гулрухсор бо номи “Хонаи дарё” дар Душанбе

Рӯзи 14-уми сентябр дар Маркази фарҳангии "Бохтар" (Бактрия) дар Душанбе китоби нави Гулрухсор Сафиева, Шоири халқии Тоҷикистон, ки гулчини ғазалиёти ӯро дар бар мегирад, таҳти унвони “Хонаи дарё” бо ҳузури зиёиёву ҳаводори шеъри тоҷик ва меҳмонон аз Русия, Озарбойҷон, Эрон ва Ҳоланд рӯнамоӣ шуд. Гулрухсор дар ин маросим гуфт, ки “Хонаи дарё” 350 ғазали гулчини […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рӯзи 14-уми сентябр дар Маркази фарҳангии "Бохтар" (Бактрия) дар Душанбе китоби нави Гулрухсор Сафиева, Шоири халқии Тоҷикистон, ки гулчини ғазалиёти ӯро дар бар мегирад, таҳти унвони “Хонаи дарё” бо ҳузури зиёиёву ҳаводори шеъри тоҷик ва меҳмонон аз Русия, Озарбойҷон, Эрон ва Ҳоланд рӯнамоӣ шуд.

Гулрухсор дар ин маросим гуфт, ки “Хонаи дарё” 350 ғазали гулчини ашъорашро фаро мегирад, ки онҳо дар 50 соли охир навишта шудаанду барои таҳияи китоби мазкур дастикам 5 сол заҳмат кашидааст.

Дар маҳфил, аз ҷумла, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, мунаққид ва муҳаррири китоб Абдураҳмони Абдуманнон, бастакори маъруф Толибхон Шаҳидӣ ва нависанда Гулсифат Шаҳидӣ, дипломат ва шоир Назруллоҳи Назар, шоира Раъно Зоирдухт ва дигар чеҳраҳои илму адабу фарҳанг ширкат ва суханронӣ карданд.

Гулрухсор гуфт, ки “дар замони ҷавонии мо ғазал намегуфтанд, шеъри нав мегуфтанд. Аммо вақти бурдани тобут шеъри нав кор наомад, вақти арӯсӣ бо шеъри нав базм ороста нашуд. Зеро шеъри нав шеъри сангар аст. Ҳамин аст, ки шеъри суннатӣ, яъне ғазал ба рӯзгори мардуми мо баргашт”.

“Шеъри сафед, ё худ шеъри нав, дар инкори сабк ва шаклҳои арӯзии шеъри дерошно чанде пешрав шуд, аммо ин ғолибият дер давом накард. Вақт собит кард, ки на ҳар нав асил, на ҳар кӯҳна бекора аст. Шеъри нав худро рӯнамоӣ намуд, аммо ба завқи хонандаи нозпарвари шеъри асилу комил расида натавонист. Шеъри арӯзбунёд, аз ҷумла ғазал, боз ҷоҳу мақоми хешро дарёфт”, – таъкид кард шоир.

Дар ин баробар, Гулрухсор гуфт, ки “танҳо ба хотири ғазал “ғазал гуфтан” ва саҳифаи сафедро сиёҳ кардан шуғлест носавоб, корест аз бекорӣ” ва барои таъйиди андешааш афзуд, “бузурге гуфта буд, ки шеър гуфтугӯйи инсон бо худост, вале ба назари ман гуфтани чизе ки нест – шеър аст”.

Гулрухсор гуфт, ки адабиёти тоҷик шоирони бузург зиёд дорад, бинобар ин, завқи мардуми тоҷик баланд аст.

“Ман шоири шумо шуда, ҷазо гирифтам. Шоири шумо будан ҷазост. Зеро дар сатҳи шумо ва барои шумо шеър гуфтан душвор аст”, – гуфт Гулрухсор.

Ин шоири тоҷик гуфт, ки номи маҷмаа аз ин ғазали “Агар дидори ман хоҳӣ, биё бар хонаи дарё” гирифта шудааст ва ҳар он касе мехоҳад Гулрухсорро шиносад, ба китоби “Хонаи дарё” рӯй оварад.

Гулрухсор яке аз барҷастатарин шоирони муосири тоҷик аст ва бо шеърҳои пурэҳсос ва амиқи худ шуҳрат ёфтааст. Ӯ барои саҳми арзандааш дар адабиёти тоҷик бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сарфароз гардидааст. Осори ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ маъруфият пайдо кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Гулрухсор барои посдорӣ ва ба ҳам пайвастани форсизабонон имсол барандаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” шуд ва он моҳи марти имсол дар Душанбе ботантана ба шоири тоҷик супорида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.