Ҷалби Олмон ба сохтмони “Роғун”. Эмомалӣ Раҳмон дар Остона чӣ гуфту чӣ шунид?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон аз Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон хост, кишвараш дар сохтмони НБО “Роғун” саҳм гирад.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба саҳмгузории Олмон дар сохтмони неругоҳҳои “Тоҷикистон” ва “Себзор” дар ВМКБ, ҳамчунин, навсозии неругоҳи “Норак” дар суҳбат бо Олаф Шолтс “изҳори бовар намуданд, ки ин таҷриба метавонад дар сохтмони неругоҳи Роғун низ идома ёбад”.

Мулоқоти онҳо дар ҳошияи нишасти дуввуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, ки имрӯз, 17-уми сентябр, дар шаҳри Остона баргузор шуд, гузашт.

Олмон дар Тоҷикистон барномаҳои зиёде барои ҳифзи муҳити зистро аз тариқи Созмони олмонии ҳамкории байнулмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) маблағгузорӣ мекунад. Олмон ваъдаи ҳамкориҳои бештар дар истихроҷу коркарди маъдан, бахусус элементҳои нодир, бахши энергетика масоили амниятиро додааст.

“Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем”, – таъкид доштааст Олаф Шолтс.

Таҳсили ҷавонони тоҷик дар Олмон ҳам дар мулоқот баҳс шудааст ва Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “бо назардошти рағбати зиёди ҷавонони Тоҷикистон, кишвари мо ҷиҳати ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии забономӯзию касбӣ омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо Олмон аст”.

Президенти Тоҷикистон Олаф Шолтсро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.

Бояд гуфт, ки Олаф Шолтс бори аввал ба Осиёи Марказӣ сафар кард ва аввал аз Ӯзбекистон ва баъдан ба Қазоқистон рафта, бо ин кишварҳо чанд ҳуҷҷати муҳимро ба имзо расонид.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, дар нишасти дуввуми сарони давлатҳои Осиёи марказӣ ва Олмон ширкат ва суханронӣ кардааст.

Манбаъ менависад, ки сарвари давлат ҳамкориҳои минтақа бо Олмонро дар самти истифодаи захираҳои табиӣ ва имкониятҳои молиявию технологии Олмон муҳим арзёбӣ кардааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои тавлиди “энергияи сабз” буда, 98 дарсади нерӯи барқи он аз манбаъҳои барқароршаванда гирифта мешавад.

Дар ин нишаст бештар ба самти иқтисодӣ ва тиҷоративу сармоягузорӣ аҳамият дода шуд.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон умедворӣ кардааст, ки “натиҷаҳои нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо мусоидат мекунад”.

Дар анҷоми нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои  Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.

Зимнан, дар ҳошияи ин нишаст, Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон суханронӣ кардаст.

Ӯ аз ҷумла, саҳми ширкатҳои аврупоиро дар ворид сохтани технологияҳои нав ба соҳаи гидроэнергетикаи кишвар таъкид кардааст.

“Татбиқи тарҳҳои бузурги соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ҷалби технология ва таҷрибаи пешрафтаи аврупоӣ ба мақсади “рушди сабз”-и кишвари мо номида шуд”, – гуфат Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур иттилоъ додааст, ки дар Тоҷикистон 800 кони канданиҳои фоиданок кашф гардида, дар бораи “имконоти мусоиди ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳои барқӣ, таҷҳизоти маҳфуздорандаи энергия ва электротехникӣ” андешаронӣ кардааст.

 Ӯ гуфтааст, Тоҷикистон “барои фаъолияти муваффақи сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овардааст”.

“Ҷорӣ намудани низоми якҷонибаи бераводид барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Олмон, барои будубош дар Тоҷикистон ба муҳлати то 30 рӯз яке аз омилҳои дигари мусоиди ҳамкорӣ маънидод гардид”,-гуфтааст ӯ.

Бодя гуфт,  ки ин дуввумин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон аст. Нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ + Олмон моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Берлини Олмон бо ширкати роҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.