Се сол ҳамзистӣ. Дар Русия шартҳои дарёфти ВНЖ зимни издивоҷ сангинтар шуд

Asia-Plus

Думаи давлатӣ рӯзи сешанбе тағйирот дар бораи то се сол тамдид кардани ҳамзистӣ зимни ақди никоҳ бастан бо шаҳрванди Русияро барои дарёфти Иҷоза барои иқомати муваққатӣ (РВП) дар Русия қабул кард. Дар ин бора Интерфакс хабар медиҳад.

Муаллифни тағйирот раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва раиси Кумита оид ба умури ИДМ Леонид Калашников зикр шудаанд.

“Думаи давлатӣ зина ба зина мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи муҳоҷиратро бартараф мекунад», — гуфтааст Володин ба хабарнигорон қаблан ҳангоми шарҳ додани тағйирот.

Ӯ зикр кардааст, ки дар варианти аввали лоиҳаи қонун пешбинӣ шуда буд, ки ба шаҳрванди хориҷӣ пас аз ду соли издивоҷ бо шаҳрванди Русия ба таври соддашуда Иҷозаи иқомати муваққатӣ дода шавад.

Дар ҷараёни баррасии ин лоиҳаи қонун (474730-8) дар қироати дуюм рӯзи сешанбе ҳамчунин тағйироти дуюм тасдиқ шуд, ки ба муқобили падарии қалбакӣ равона шудааст.

«Пешниҳод шудааст, ки барои гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) баъд аз фарзандхонии шаҳрванди Русия бидуни бастани ақди никоҳ, ин кор танҳо пас аз се соли зиндагии муштарак ё пешбурди хоҷагӣ имконпазир хоҳад шуд», — гуфтааст раиси Думаи Давлатӣ, ки муаллифи ин тағйирот мебошад.

Ӯ бар ин назар аст, ки пас аз ворид намудани ин тағйирот, “бастани ақди никоҳи қалбакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ барои тезтар гирифтани шаҳрвандии Русия бефоида хоҳад буд”.

Володин бо истинод ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ додааст, ки аз соли 2021 то имрӯз бо мақсади гирифтани мақоми муҳоҷират 4300 ақди никоҳ баста шудааст.

Илова бар ин, Думаи Давлатӣ дар қироати аввал лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ҷазоро барои ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ шадидтар мекунад.

Мувофиқи қоидаҳои нав, амволу чизҳои арзишманде, ки дар натиҷаи ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, метавонанд мусодира карда шаванд.

Володин дар охири моҳи сентябр изҳор дошта буд, ки дар ҷаласаи тирамоҳӣ Думаи Давлатӣ ният дорад панҷ қонунеро қабул кунад, ки сиёсати муҳоҷиратиро шадидтар мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...