Дар Ӯзбекистон ба омӯзгори сол хона медиҳанд. Дар Тоҷикистон чӣ?

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 30-юми сентябр зимни мулоқот бо намояндагони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи омӯзгорон изҳор дошт, ки дар Ӯзбекистон ба ғолибони даври ноҳиявӣ ва шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол” хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ медиҳанд. Шавкат Мирзиёев афзуд, ки ҳар сол ба ғолибони озмуни “Омӯзгори сол” дар сатҳи ноҳия ва шаҳр аз номи раисҷумҳур манзили […]

Таҳияи Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 30-юми сентябр зимни мулоқот бо намояндагони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи омӯзгорон изҳор дошт, ки дар Ӯзбекистон ба ғолибони даври ноҳиявӣ ва шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол” хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ медиҳанд.

Шавкат Мирзиёев афзуд, ки ҳар сол ба ғолибони озмуни “Омӯзгори сол” дар сатҳи ноҳия ва шаҳр аз номи раисҷумҳур манзили сеҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

“Аммо манзил ҳамту дода намешавад, балки омӯзгор бояд дар сатҳи ноҳия ғолиб гардад. Чаро ман ба омӯзгорон хона туҳфа мекунам? Чунки ин роҳи дурусттарин аст”,- шарҳ додааст Мирзиёев.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки минбаъд  квотаи солона барои фиристодани омӯзгорон ба осоишгоҳҳо ва маконҳои истироҳатӣ ду баробар зиёд карда мешавад.

Гуфта шудааст, ки омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби олимпиадаҳои фаннӣ мегарданд дар ҳаҷми аз 4 ҳазор то 12 ҳазор доллар мукофотпулӣ дода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон низ ҳамасола озмуни “Омӯзгори сол” баргузор мешавад ва ғолибони он бо туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

Мақсади озмун “дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор ва дастгириву ҳавасмандгардонии онҳо” гуфта мешавад.

Соли 2024 Дилором Ҷалилова, омӯзгори фанни биологияи мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин омӯзгори соли 2024 дониста шуд.

Ба ӯ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм 30 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин, ширкаткунандагони фаъоли озмун омӯзгорон Беҳрӯз Мамаднасимов ва Наргис Ширматова бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, Зебунисо Қосимова ва Гулнора Сулейманова бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми кишвар ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудаанд.

Вале гуфта нашудаст, ки туҳфаи Вазорати маориф ва илм аз чӣ иборат буд.

Бояд гуфт, ки дар даврони раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори пешини Душанбе чанд маротиба ба ғолибони “Мактаби сол”-у “Омӯзгори сол” хонаи се-ҳуҷрагӣ тӯҳфа карда мешуд.

Бори охир Убайдуллоев дар соли 2016 ба мактаби рақами 52, ки ғолиби озмуни “Мактаби сол-2015” шуд, як манзили сеҳуҷрагӣ дар кӯчаи Беҳзод-32 тақдим карда буд.

Маълум нест, ки чаро ҳоло шаҳрҳдории Душанбе ба омӯзгорони беҳтарини сол хона тақдим намекунад. Кӯшишҳои мо барои дарёфти посух ба ин суол аз шаҳрдорӣ бенатиҷа анҷом ёфт.

Бояд гуфт, ки омӯзгорон дар Тоҷикистон аз маоши кам ва сарбории зиёд шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ба ғайр аз кори омӯзгори онҳоро инчунин ба корҳои ободкорӣ, маъракаҳои сиёсӣ ва дигар корҳое, ки ба фаъолияти онҳо рабт надорад, ҷалб мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.