Бори нахуст дар Тоҷикистон ба 2 кӯдак дастҳои намунаи нави бионикӣ гузошта шуд

Дар Душанбе бори нахуст дар кишвар ба 2 кӯдаки то синни 10-сола дастҳои намунаи нави бионикӣ гузошта шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дастҳои намунаи нав рӯзи 1 октябр дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе гузошта шуданд. Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо ширкати “Моторика” бо миёнаравии намояндагии […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Душанбе бори нахуст дар кишвар ба 2 кӯдаки то синни 10-сола дастҳои намунаи нави бионикӣ гузошта шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дастҳои намунаи нав рӯзи 1 октябр дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе гузошта шуданд.

Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо ширкати “Моторика” бо миёнаравии намояндагии савдои Русия, ки вохӯрӣ бо Вазорати тандурустии Тоҷикистонро барои баррасии истифодаи протезҳои инноватсионӣ барои беморон роҳандозӣ намуд, сурат гирифт.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар, ки ба протез мондан дар дастҳяошон ниёз доранд, ба қайд гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, давоми 3 рӯз дар “Заводи протезию ортопедӣ”- и шаҳри Душанбе семинар-машварати корию амалӣ зимни таъминоти маъюбон бо намунаҳои нави технологӣ, аз ҷумла протезҳои дастҳои намуди бионикӣ баргузор шуд.

Ин ҳамкорӣ пас аз байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидани ёддошт дар бораи рушди индустрияи барқарорсозӣ моҳи марти соли 2023 имконпазир гардид.

Имрӯз, 2 октябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ маросими муаррифии кору маҳсулот ва хидматрасониҳои ширкати “Моторика” доир мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.