Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?

Asia-Plus

Ҳамасола, якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳамчун "Рӯзи омӯзгорон" таҷлил мешавад. Меҳнати муаллимон дар кишвар на ҳамеша ба таври зарурӣ қадр мегардад. Омӯзгорон аксаран аз маоши кам ва сарбории зиёд нигаронӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам дар як вохӯрии худ дар "Рӯзи дониш" бори дигар ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз ҷумла ба паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи имрӯза таъкид кард. 

Раисҷумҳур ба сохторҳои марбута дастур дод, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи мақоми омӯзгор"-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод намоянд.

"Азия-Плюс" ба муносибати таҷлили “Рӯзи омӯзгор” аз сокинон ва меҳмонони пойтахт пурсид, ки муаллимони мактаб дар ҳаёти онҳо чӣ нақш доранд. Мо аз сокинони пойтахт пурседем, ки омӯзгори дӯстдоштаи онҳо кӣ буд ва чӣ ном дошт, кадом гуфтаҳои муаллим як умр дар хотири онҳо нақш бастааст ва имрӯз барои омӯзгорони худ чӣ орзу мекунанд. Посухи онҳоро дар навор бинед:

Ҳар як посух хотироти самимӣ ва суханҳои гарму пур аз арзи сипос аст. Биёед ҳамроҳ онҳоеро, ки ба мо дониш андӯхтанду иродаву бовариамонро ба оянда қавӣ сохтанд, изҳори миннатдорӣ мекунем!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...