Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?

Ҳамасола, якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳамчун "Рӯзи омӯзгорон" таҷлил мешавад. Меҳнати муаллимон дар кишвар на ҳамеша ба таври зарурӣ қадр мегардад. Омӯзгорон аксаран аз маоши кам ва сарбории зиёд нигаронӣ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам дар як вохӯрии худ дар "Рӯзи дониш" бори дигар ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз ҷумла ба паст будани шаъну […]

Asia-Plus

Ҳамасола, якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳамчун "Рӯзи омӯзгорон" таҷлил мешавад. Меҳнати муаллимон дар кишвар на ҳамеша ба таври зарурӣ қадр мегардад. Омӯзгорон аксаран аз маоши кам ва сарбории зиёд нигаронӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам дар як вохӯрии худ дар "Рӯзи дониш" бори дигар ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз ҷумла ба паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи имрӯза таъкид кард. 

Раисҷумҳур ба сохторҳои марбута дастур дод, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи мақоми омӯзгор"-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод намоянд.

"Азия-Плюс" ба муносибати таҷлили “Рӯзи омӯзгор” аз сокинон ва меҳмонони пойтахт пурсид, ки муаллимони мактаб дар ҳаёти онҳо чӣ нақш доранд. Мо аз сокинони пойтахт пурседем, ки омӯзгори дӯстдоштаи онҳо кӣ буд ва чӣ ном дошт, кадом гуфтаҳои муаллим як умр дар хотири онҳо нақш бастааст ва имрӯз барои омӯзгорони худ чӣ орзу мекунанд. Посухи онҳоро дар навор бинед:

Ҳар як посух хотироти самимӣ ва суханҳои гарму пур аз арзи сипос аст. Биёед ҳамроҳ онҳоеро, ки ба мо дониш андӯхтанду иродаву бовариамонро ба оянда қавӣ сохтанд, изҳори миннатдорӣ мекунем!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.