Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Ваҳдат даъво дорад, ки волидайни як хонанда баъди сарзаниши писарашон аз ҷониби вай, ӯро латтукӯб кардаанд. Ин омӯзгор ҳоло дар бемористон бистарӣ аст. Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Файзихон Раҷабова, омӯзгори фанни таърихи мактаби №8 шаҳри Ваҳдат бо нашри як муроҷиатнома ба унвонии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душапнбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар “Фейсбук” навишт, ки як рӯз пеш аз “Рӯзи омӯзгорон” волидайни яке аз хонандагон бидуни иҷоза вориди синфхона шуда, ӯро дар пеши хонандагон латтукӯб кардаанд.

Муаллима сабаби чунин бархурди волидайнро сарзаниши фарзанди синфи 8-и онҳо барои халал расонадин дар ҷараёни дарс ва муроҷиати ӯ ба мудири мактаб аз болои ин хонанда унвон кард.

“…Ман ҳамчун омӯзгор хонандаро ба утоқи  директори  мактаб бурдам, то ки чорае бинанд, аммо директори мактаб ба назди ҷонишини мактаб равон карданд, арзи ман бе натиҷа монд. Дар натиҷа рӯзи  5-уми октябр аз тарафи волидайн чунин рафтори ваҳшиёна  рух дод, ки ҳоло ман дар натиҷаи латукӯби зиёд дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат бистарӣ шудам”, – навиштааст Файзихон Раҷабова.

Ин муаллима аз Рустами Эмомалӣ дархост кардааст, ки ин ҳодисаро таҳқиқ карда, нисбати гунаҳкорон чораҷӯӣ кунад.

Баъди нашри муроҷиатномаи Раҷабова, Вазорати маориф ва илми кишвар гуфт, ин масъала таҳти назорати вазири маориф ва гурӯҳи кории вазорат аст.

“Масъалаи мазкур пурра зери назорати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, гурӯҳи кории вазорати маориф ва илм дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои марбута дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор медиҳад. аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ ва чораандешӣ нисбат ба ин масъала иловатан маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад”, – омадааст дар вокуниши ин ниҳод.

Бо ин вуҷуд вазорат гуфтааст, “ҳама гуна рафтору кирдореро, ки шаъну шараф ва мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа паст менамояд, маҳкум мекунад”.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” ваъда доданд, баъди зуҳри имрӯз, 7-уми октябр аз натиҷаи кори гуруҳи корӣ иттилоъ хоҳанд дод.

“Азия-Плюс” то ҳол натавонист назари Файзихон Раҷабова, директори мактаби №8, шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат ва назикони хонандаро дар робита ба ин қазия дастрас кунад.

Бояд гуфт, ки бори аввал нест, ки омӯзгорон аз ҷониби хонандагон мавриди латукӯб қарор мегиранд. Чунин рафтори хонандагон дар ҷомеа сару садои зиёде ба миён оварда буд.

Аз ҷумла, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Беҳзод Назарови 22-сола Тоҳир Султонов, омӯзгори донишгоҳро дашном ва латукӯб кард. Мақомот ӯро боздошт ва бар зиддаш барои авбошӣ парванда боз карданд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Бохтар маъмурони пулис ду ҷавон – Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзодаро бо иттиҳоми ҳамла ба омӯзгори мактаби №7 боздошт карданд. Боздоштшудагон дар долон омӯзгорро таҳқир ва латту кӯб карда, ба даъвати дигарон дар бораи таваққуф аҳамият надодаанд. Нисбати онҳо тибқи моддаи "авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар оғози соли таҳсили имсола Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯён аз мушкилоти сершумори соҳаи маориф изҳори нигаронӣ намуда, зикр кардд, ки ба шарофати меҳнати садоқатмандонаи омӯзгорон наслҳое ба воя мерасанд, ки дар беҳбуди вазъи давлат ва беҳтар шудани сифати зиндагии мардум саҳм мегузоранд.

«Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст», – таъкид доштанд Сарвари давлат ва афзуд, ки омӯзгоронро бояд дастгирӣ намуда, мавқеъ ва нуфузи онҳоро дар ҷомеа афзоиш дод.

Ӯ ба ҳукумат дастур дода буд, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро омода карда, ба парлумон пешниҳод кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...