Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод

Фонди « Моя история» (Таърихи ман) бо дастгирии Вазорати маорифи Русия рӯзи 3 октябр ба Вазорати маорифи Тоҷикистон зиёда аз 371 ҳазор китоби дарсии забони русӣ барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11-ро супорид. Китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таълимашон бо забони русӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Наврӯз Мирзо, директори Маркази таҳия,  чоп […]

Милана Ена, Asia-Plus

Фонди « Моя история» (Таърихи ман) бо дастгирии Вазорати маорифи Русия рӯзи 3 октябр ба Вазорати маорифи Тоҷикистон зиёда аз 371 ҳазор китоби дарсии забони русӣ барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11-ро супорид.

Китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таълимашон бо забони русӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Наврӯз Мирзо, директори Маркази таҳия,  чоп ва тақсимоти китобҳои китобҳои дарсӣ ва илмию методӣ хабар дод.

Наврӯз Мирзо инчунин зикр кард, ки китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ аз синфи 2 то 11 низ таҳия ва мутобиқ карда шуда, аммо то ба ҳол танҳо китобҳои дарсӣ барои синфҳои дуюм чоп ва супорида шудаанд.

Қисме аз китобҳо дар Русия ва қисме дар Тоҷикистон нашр шудааст. Дар Барнома афзоиши минбаъдаи миқдор ва таъмини мунтазами китобҳои дарсӣ, ки хусусиятҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистонро ба назар мегиранд, пешбинӣ шудааст.

Дар таҳия ва мутобиқсозии китобҳо коршиносони ҳар ду кишвар ширкат варзида, ташхиси ниҳоии маводҳо дар моҳи июл дар Вазорати маорифи Тоҷикистон гузаронида шуд.

Қаблан Владимир Путин низ изҳор дошта буд, ки Русия ҳар сол барои харидории китобҳои дарсӣ барои мактабҳои русзабони Тоҷикистон 200 млн рубл ҷудо хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.