“Ҳатто боиси бозхонди патент мегардад”. Тавсия ва ҳушдори ВКД Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки ба Русия мераванд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон барои муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёне, ки мехоҳанд ба Русия раванд, баъзе қонунҳои нав қабулшудаи ин кишварро шарҳ дода, бархе тавсияҳоро ироа намуда, ҳамзамон хостааст, ки дар сурати бо мушкил мувоҷеҳ шудан ба намояндагиҳои Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни Русия муроҷиат намоянд.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати будубоши муваққатӣ дар Русия аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2025 дар давоми як сол 90 рӯзро ташкил медиҳад. “Аз нав барқарор кардан”-и муҳлати будубош бо роҳи баромадан аз сарҳад имконнопазир мешавад.

Аз ин рӯ, ВКД Тоҷикистон навиштааст, шаҳрвандони кишвар ҳангоми интихоби манзил бояд пешакӣ эҳтиёт кунанд ва худро маҳз дар ҳамон ҷое, ки мехоҳад зиндагӣ кунад, ба қайд гузоранд.

Ҳамзамон, барои донишҷӯёни тоҷик тавсия додааст:

  • пас аз ворид шудан ба Русия ва дохил шудан ба муассисаи таълимӣ, бояд пешакӣ барои тамдиди муҳлати будубош кӯшиш кунанд;
  • бояд барои нигоҳ доштани эътибори сабти муҳоҷирати дар ҷойи истиқоматашон кӯшиш кунанд.

Бояд гуфт, ки муддатест донишҷӯёни тоҷике, ки ҳатто тариқи бурсия (квота) дар Русия таҳсил доранд, бо мушкилоти гуногун рӯбарӯ ва ҳатто аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон:

  • Ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ доранд, агар:

a)       Патент гиранд;

b)       Пардохти саривақтии патентро анҷом диҳанд;

c)       Патентро на дертар аз 2 моҳ аз рӯзи додани огоҳиномаи меҳнатӣ пешниҳод кунанд.

Пас аз гирифтани патент бояд бо соҳиби манзил барои тамдиди муҳлати сабти муҳоҷират дар маҳалли будубош муроҷиат намоянд.

Барои гирифтани патент, коргарони хориҷӣ бояд чаҳор расмиёти ҳатмиро гузаранд:

  • Сабти давлатии изи ангушт;
  • Аксбардорӣ;
  • Муоинаи тиббӣ;
  • Супоридани имтиҳон аз:

a)       забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ;

b)       таърихи Русия;

c)       асосҳои қонунгузории Русия.

 

Огоҳии ВКД ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Шахсони қонунвайронкунанда ба “рӯйхати назоратӣ” дохил карда мешаванд ва ба онҳо амалҳои зерин манъ мегардад:

  • бе иҷозати мақомот ҷойи истиқоматро иваз кардан;
  • берун аз ҳудуди субъекти ФР сафар кардан;
  • харидории молу мулк ва воситаҳои нақлиёт;
  • издивоҷ;
  • таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкории инфиродӣ;
  • кушодани суратҳисоби бонкӣ;
  • гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ;

Ғайр аз ин, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд, бояд дар давоми 30 рӯз аз:

  • бақайдгирии изи ангушт;
  • аксбардорӣ;
  • муоинаи тиббӣ;
  • имтиҳони забони русӣ;
  • имтиҳони таърихи Русия;
  • имтиҳони асосҳои қонунгузорӣ гузаранд.

Ҳушдор: боиси бозхонди патент мегардад

Аз 7 январи соли 2024 ҳар як муҳоҷир бояд дар бораи ба кор қабул шуданаш ба мақомоти корҳои дохилии Русия огоҳинома пешниҳод намояд. Пешниҳод накардани огоҳинома боиси бозхонди патент мегардад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои маълумот ба Раёсати муҳоҷират бо рақамҳои 250-32-40 ва 250-32-09 муроҷиат кунанд.

Намояндагони расмии Тоҷикистон дар минтақаҳои зерин фаъолият мекунанд:

Минтақаи марказӣ (вилояти Москва)

1. Азимӣ Дилрабо Амиркул + 7 (495) 967-98-44 [email protected]

2, Вализода Назарали Нурали +7 (967) 271-02-02 [email protected]

3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 [email protected]

4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 [email protected]

5. Дустов Комрон Сайдахмадович+7 (988) 676-00-00 [email protected]

6. Амирхонзода Субхон Бахрон +7 (966) 031-22-22 [email protected]

7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 [email protected]

Минтақаи Урал ва Сибир

Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович +7 (929) 388-54-11 [email protected]

Минтақаи Приволжск

Курбонализода Зафар Курбонали +7 (926) 311-52-53 [email protected]

Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)

Джонмахмадов Фурузон Фархудинович +7 (977) 963-25-69 [email protected]

Минтақаи Ҷануб (Краснодар)

Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 [email protected]

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...