“Қариб дастонамро мешикастанд”. Ихроҷи донишҷӯи тоҷик аз Русия

Русия чанд донишҷӯи тоҷикро ки дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил мекунанд, аз хокаш берун карда, чандтои дигарро аз сарҳад ба дохил роҳ намедиҳад. Яке аз онҳо Муҳаммадҷон Боев, шаҳрванди Тоҷикистон ва донишҷӯи яке аз мактабҳои олии Русия аст, ки бо чунин мушкил ба “Азия-Плюс” муроҷиат кард. Ӯ навишт, ки ҳузураш дар Русияро манъ карда, ҳангоми ихроҷ латукӯб […]

Asia-Plus

Русия чанд донишҷӯи тоҷикро ки дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил мекунанд, аз хокаш берун карда, чандтои дигарро аз сарҳад ба дохил роҳ намедиҳад. Яке аз онҳо Муҳаммадҷон Боев, шаҳрванди Тоҷикистон ва донишҷӯи яке аз мактабҳои олии Русия аст, ки бо чунин мушкил ба “Азия-Плюс” муроҷиат кард. Ӯ навишт, ки ҳузураш дар Русияро манъ карда, ҳангоми ихроҷ латукӯб ва таҳқир шудааст. 

Муҳаммадҷон Боев донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии аграрии Мичуринск мебошад, ки соли 2023 ба он дохил шудааст. Дар мактубе, ки ӯ ният дорад онро ба сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев низ ирсол кунад, ҷавон дар бораи ҳодисаҳои ногувори аз сар гузаронидааш менависад.

«Дар оғози соли таҳсили 2024 дар маъмурияти донишгоҳ гуфтанд, ки ҳуҷҷати қайди ман бояд нав карда шавад ва барои ин ман маҷбур будам, ки сарҳадро убур кунам. Дар роҳи бозгашт дар нуқтаи гумрукии Алмаато – Саратов маро боздошт карда, ба як ҳуҷра бурданд ва шиносномаву шаҳодатномаи донишҷӯиямро гирифтанд. Маро дар он ҷо се рӯз нигоҳ дошта, таҳқиру масхара ва лату кӯб карданд. Баъзе варақҳо оварда, маҷбур карданд, ки имзо кунам. Ман ҳеҷ ҷо имзо нагузоштам. Онҳо қариб дастҳои маро шикаста буданд. Дар яке аз он варақҳо ман имзо гузоштам. Рӯзи сеюм ба ман як варақ дода, гуфтанд, ки ман ҳақ надорам дар ҳудуди Русия қарор дошта бошам ва маро бозпас ба Қазоқистон баргардонданд. Ман бо душворӣ ба Тоҷикистон расидам», – менависад Муҳаммадҷон.

Ӯ дар муроҷиати худ инчунин аз сафир хоҳиш кардааст, ки барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ кумак кунад. Ба гуфтаи ҷавон, ӯ ҳамчунин ба Вазорати маорифи Тоҷикистон муроҷиат кардааст, аммо дар он ҷо ӯро ба МД «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» дар назди Вазорати маориф равон карданд, зеро Муҳаммадҷон ба Донишгоҳи Мичурин тибқи барномаи президентии стипендияи «Дурахшандагон» дохил шудааст.

«Азия-Плюс» ба «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» дар назди Вазорати маориф муроҷиат кард. Дар он доир ба муроҷиати Боев чизе гуфта натавонистанд, аммо зикр карданд, ки бо мушкилоти ба ин монанд аллакай 5-6 маротиба муроҷиат карданд.

«Аксаран донишҷӯён  мегӯянд, ки онҳоро беасос ихроҷ карданд ва ба гуфтаи мақомоти Русия,  онҳо гӯё кадоме аз қонунҳоро риоя накардаанд», – мегӯяд директори Марказ Рамазон Сафарзода.

Ӯ илова намуд, ки донишҷӯёне, ки тибқи барномаи “Дурахшандагон” ба мактабҳои олии Русия дохил шудаву бо чунин мушкилот дучор гардидаанд, метавонанд ба ин Марказ барои кумак муроҷиат кунанд. Суроға: кӯчаи М. Турсунзода, 47 (наздикии мавзеи: Маркази савдои «Пойтахт», варзишгоҳи «Спартак»).

Рақамҳои тамос: 223-23-59 / 221-23-97.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз Муҳаммадҷон ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар Марказ ба саволи ӯ ҷавоб дода, гуфтаанд, ки ба ӯ кумак расонида наметавонанд. Тавсия доданд, ки барои кумак ба сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кунад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан низ дар бораи ба мушкили мувоҷеҳ шудани донишҷӯёни тоҷик зимни сафар ба Русия  мавод нашр карда будем.

Баъди ҳодисаи "Крокус Сити Ҳол" фишор болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия якбора бештар шуд. Аксари онҳоро ба Русия роҳ намедиҳанд ва ё бидуни шарҳ ихроҷ мекунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.