Вазорати маорифи Тоҷикистон сабаби камшавии рӯзи таътилҳои мактабиро шарҳ дод

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон муҳлати таътилҳои мактабӣ тағйир ёфт: акнун хонандагон дар таътилҳои тирамоҳӣ ва зимистона 7 рӯз истироҳат карда, таътили баҳорӣ ҳамагӣ 5 рӯз давом мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Қаблан хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ 10 рӯз истироҳат мекарданд: аз 1 то 10 ноябр, аз 1 то 10 январ ва аз 21 то 31 март.

Мувофиқи ҷадвали нав таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр, зимистона – аз 1 то 7 январ ва баҳорӣ – аз 25 то 29 март давом мекунанд.

Соли хониши 2024/2025 бидуни назардошти аттестатсияи ҷамъбастӣ 35 ҳафта ва барои хонандагони синфи 1-ум – 34 ҳафта давом меёбад.

Сабаб зиёд шудани таътили тобистона

Дар Вазорат зикр карданд, ки ҷадвали нави таътилҳо бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 тасдиқ шуда, то соли 2016 амал мекард ва акнун боз мавриди амал қарор гирифт. Зикр шуда буд, ки сабаби камшавии рӯзҳои таътили тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ аз ҳисоби зиёдшавии рӯзҳои таътили тобистона сурат мегирад.

“Бо назардошти тағйирот, ҳафтаҳои хониш аз 36 то 35 ҳафта кам шуда, дар ҳамин ҳол, чоряки чорум на 14 июн мисли солҳои пешин, балки 31 май ба охир мерасад. Мутаносибан таътили тобистона дар мактабҳои Тоҷикистон аз 1 июн оғоз мешавад”, – хабар доданд дар Вазорати маориф.

Пештар хонандагон дар як сол ду маротиба истироҳат мекарданд

Ёдрас мекунем, ки соли 2010 таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон бекор карда шуданд. Ин тасмим дар шароити буҳрони энергетикӣ, ки мактабҳо гарм намешуданду дар ҷумҳурӣ реҷаи шадиди интиқоли маҳдуди барқ (лимит) амал мекард, гирифта шуда буд.

Он замон таътили зимистона то як моҳ дароз карда шуда, дар натиҷа барои ҷуброни истироҳати моҳи январ, кӯдакон аз таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ маҳрум шуданд.

Баъди як сол, моҳи октябри соли 2011 бидуни шарҳи сабабҳо Вазорати маориф изҳор дошт, ки баҳору тирамоҳ танҳо хонандагони синфҳои ибтидоӣ истироҳат мекунанд. Соли 2012 бошад, истироҳат дар миёнаи мавсимҳоро барои синфҳои ибтидоӣ низ бекор карданд.

Танҳо дар соли 2018 ба хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ дубора баргардонида шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...