Вилояти Хатлон ва Хуросони Разавии Эрон ҳамкориҳои иқтисодиро васеъ мекунанд. Ҳасан Нуризода ба Давлаталӣ Саид чӣ гуфт?

Дар доираи баргузории Форуми “Хатлон инвест-2024” дар шаҳри Бохтар Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо Ҳасан Нуризода, муовини иқтисодии раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Алиризо Ҳақиқиён, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад. Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаи афзоиши ҳаҷми гардиши мол […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар доираи баргузории Форуми “Хатлон инвест-2024” дар шаҳри Бохтар Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо Ҳасан Нуризода, муовини иқтисодии раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Алиризо Ҳақиқиён, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаи афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду вилоятро муҳокима карда, таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои тиҷоратиро зарур шуморидаанд.

Ҳамчунин, ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои саноати сабук, ниҳолу тухмипарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, дорусозӣ, тақвияти равобити фарҳангӣ, илмӣ, тандурустӣ ва сайру саёҳат низ ҳавасмандӣ нишон додаанд.

“Вилояти Хуросони Разавӣ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо вилояти Хатлони алоқаманд аст. Утоқи бозаргонии Хуросони Разавӣ ҳамафзоии равобит бо кишвари бародар ва дӯсти Тоҷикистонро, ки натиҷаи он беҳбуди равобити ду миллат буд, ҳадафгузорӣ кардааст”, – зикр намудааст Ҳасан Нуризода.

Тавре дар мулоқот гуфта шуд, аз Эрон ба Тоҷикистон кошӣ, ширеш, дару тиреза, халта ва аз вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии исломии Эрон асосан нахи пахта ва калобаи ресандагӣ содир мешавад.

Ёддошти тафоҳум байни ин ду вилоят ҳанӯз 30-юми майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури марҳуми Эрон ба имзо расида буд.

Ёдовар мешавем, ки 15-уми майи соли ҷорӣ ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон сафар карда, аз шаҳракҳои саноатӣ ва маконҳои кишоварзии Тӯс, Нишопур ва Сарахс боздид карда буд. Мақсади сафар тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ байни ин ду вилоят гуфта мешуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.