“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?

Date:

 

Ҳамасола 31-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии пасандоз ва Рӯзи сафраҷӯӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз “Азия-Плюс” аз сокинони пойтахт пурсид: Барои чӣ ва чӣ тавр сарфа мекунанд ва ё имкони пасандоз карданро доранд?

Соле пеш низ мо чунин пурсиш гузаронида будем. Дар як сол хароҷоту сарфаи сокинон кам тағйир ёфтааст. Онҳо ҳамоно аз гаронии хӯрокворӣ, махсусан меваҷот мегӯянд ва дар хариди хӯрокаву либос бештар сарфа мекунанд.

“Нафақаамонро баланд карданд, аз ин рӯ ба нархҳо то дараҷае камтар менигарем, вале ҳамоно кӯшиш мекунем бештар сарфаҷӯӣ намоем” – мегӯяд яке аз сокинон.

Агар соли гузашта сокинон бештар аз сарфа барои роҳкирову нақлиёт мегуфтанд, имрӯз аксаран аз сарфаҷӯйӣ дар истифодаи барқу об ҳарф мезананд. Эҳтимол, ин ба 16% баланд шудани арзиши қувваи барқ аз оғози соли ҷорӣ вобаста бошад. 

Ҷолиб аст, ки миёни ҳамсуҳбатони мо бештар насли калонсол сарфаҷӯйӣ мекунанд. Аксари ҷавонон дар ин бобат парво надоранд ва ба қавли худашон кӯшиш ҳам кунанд, сафра кардан барояшон душвор аст. 

Аксари ҳамсуҳбатони мо пасандоз надоранд ва мегӯянд, бо даромаде, ки доранд пасандоз карда ҳам наметавонанд. Ба ақидаи онҳо, бо маоши миёнаи кишвар пуле пасандоз кардан ғайриимкон аст, зеро маоши қисме аз аҳолӣ ҳатто то охири моҳ намерасад.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...