“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?

  Ҳамасола 31-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии пасандоз ва Рӯзи сафраҷӯӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз “Азия-Плюс” аз сокинони пойтахт пурсид: Барои чӣ ва чӣ тавр сарфа мекунанд ва ё имкони пасандоз карданро доранд? Соле пеш низ мо чунин пурсиш гузаронида будем. Дар як сол хароҷоту сарфаи сокинон кам тағйир ёфтааст. Онҳо ҳамоно аз гаронии […]

Меҳрангез Султонзода, Шаҳноз Мустафоқулова, Asia-Plus

 

Ҳамасола 31-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии пасандоз ва Рӯзи сафраҷӯӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз “Азия-Плюс” аз сокинони пойтахт пурсид: Барои чӣ ва чӣ тавр сарфа мекунанд ва ё имкони пасандоз карданро доранд?

Соле пеш низ мо чунин пурсиш гузаронида будем. Дар як сол хароҷоту сарфаи сокинон кам тағйир ёфтааст. Онҳо ҳамоно аз гаронии хӯрокворӣ, махсусан меваҷот мегӯянд ва дар хариди хӯрокаву либос бештар сарфа мекунанд.

“Нафақаамонро баланд карданд, аз ин рӯ ба нархҳо то дараҷае камтар менигарем, вале ҳамоно кӯшиш мекунем бештар сарфаҷӯӣ намоем” – мегӯяд яке аз сокинон.

Агар соли гузашта сокинон бештар аз сарфа барои роҳкирову нақлиёт мегуфтанд, имрӯз аксаран аз сарфаҷӯйӣ дар истифодаи барқу об ҳарф мезананд. Эҳтимол, ин ба 16% баланд шудани арзиши қувваи барқ аз оғози соли ҷорӣ вобаста бошад. 

Ҷолиб аст, ки миёни ҳамсуҳбатони мо бештар насли калонсол сарфаҷӯйӣ мекунанд. Аксари ҷавонон дар ин бобат парво надоранд ва ба қавли худашон кӯшиш ҳам кунанд, сафра кардан барояшон душвор аст. 

Аксари ҳамсуҳбатони мо пасандоз надоранд ва мегӯянд, бо даромаде, ки доранд пасандоз карда ҳам наметавонанд. Ба ақидаи онҳо, бо маоши миёнаи кишвар пуле пасандоз кардан ғайриимкон аст, зеро маоши қисме аз аҳолӣ ҳатто то охири моҳ намерасад.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.